Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeҲуқуқи инсонФурӯшандаи Мағозаи “Сабеҳа” Бо Иттиҳоми Фиреби Истеъмолкунандагон Боздошт Шуд

Фурӯшандаи Мағозаи “Сабеҳа” Бо Иттиҳоми Фиреби Истеъмолкунандагон Боздошт Шуд

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки Рустам Турсунов, сокини 58-сола, бо гумони фурӯши маҳсулоти мӯҳлаташон гузашта ва фиреби истеъмолкунандагон боздошт шудааст.

Маҳсулоти мӯҳлаташон гузашта дар мағоза

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар мағозаи “Сабеҳа” фаъолият дошт ва маводи хӯроквории бо мӯҳлати истифодашон гузашта ба мизоҷон пешниҳод мекардааст.

Ҳангоми санҷиши мақомот, маҳсулоти зиёде, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, мусодира шудаанд ва ҳамчун далели ҷиноят ба парванда ҳамроҳ гардиданд.

Ҷазо чӣ мешавад?

Алайҳи Рустам Турсунов парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Агар гуноҳи ӯ дар додгоҳ исбот гардад, ӯро то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳӣ интизор аст.

Ёдрас мешавем

Мақомоти ВКД ва Ожонси ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пайваста шаҳрвандонро даъват мекунанд, ки ҳангоми хариди маҳсулот ба мӯҳлати истифода ва сифати мол таваҷҷуҳ кунанд ва дар ҳолати шубҳа ба ниҳодҳои масъул муроҷиат намоянд.

TajNews.org – хабарҳои дақиқ ва сари вақт!

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular