Wednesday, January 21, 2026
Место для Реклама!
HomeДин ва боварҳоИди саиди Фитр имсол 30-уми март таҷлил мешавад: "Идгардак" боз мамнӯъ аст

Иди саиди Фитр имсол 30-уми март таҷлил мешавад: “Идгардак” боз мамнӯъ аст

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода эълон кард, ки имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯзро дар бар мегирад ва Иди саиди Фитр рӯзи 30-уми март таҷлил хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти он ки моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон ҳар кадом 30 рӯз буданд, моҳи Рамазон бар асоси ҳисоби шаръӣ 29-рӯза хоҳад буд.

Омодагӣ ба Иди Фитр

Дар Тоҷикистон Иди Фитр бо шукӯҳ ва анъанаҳои мардумӣ таҷлил мешавад. Мардуми кишвар ин рӯзро бо гунаҳбахшӣ, хайру эҳсон ва дастгирии эҳтиёҷмандон истиқбол мегиранд.

Шӯрои уламо ҳаҷми фитри рӯза барои соли 2025-ро вобаста ба тавоноии молии мардум аз 10 то 50 сомонӣ барои ҳар як шахс муқаррар кардааст.

Кӯдакон ва “идгардак” — мамнуъият ҳанӯз ба қувваи худ боқист

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз пеш Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри муроҷиатнома аз волидон талаб кард, ки фарзандонашонро дар рӯзҳои ид ба “идгардак” нафиристанд.

Дар муроҷиат омада буд:

“Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш, садамаҳои нақлиётӣ ва гум шудани ноболиғон, волидон бояд кӯдаконро зери назорат гиранд ва аз идгардак ҷилавгирӣ кунанд.”

Инчунин, оростани дастархони идона бо шириниҳо ва додани туҳфа ба кӯдакон, ки метавонанд онҳоро ба идгардак таҳрик диҳанд, бар асоси моддаи 9, банди 2-и Қонуни танзими ҷашну маросим манъ шудааст.

Шӯрои уламо низ дар солҳои гузашта идгардакро мухолифи шариат дониста, таъкид карда буд, ки чунин маросим дар Ислом вуҷуд надорад.

Ҳамин тавр, Иди саиди Фитр имсол рӯзи шанбе, 30-уми март таҷлил мешавад. Вале дар пасманзари ҷашн ва шодии мардум, волидон бояд мутобиқ ба дастуроти мақомот амал кунанд ва кӯдаконро аз иштирок дар идгардак ва амалҳои хатарнок дур доранд.

TajNews.org – Ахбори воқеӣ, дақиқ ва сари вақт!

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular