Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе як зани муттаҳамро, ки беш аз як даҳа таҳти ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, боздошт карданд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда Дилрабохон Пирназарова, сокини ноҳияи Темурмалик мебошад ва синнаш 57 сол аст.
Мақомот мегӯянд, ӯ аз соли 2014 бо гумони даст доштан дар қаллобӣ бо ҳаҷми махсусан калон (қисми 4, моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.
Тафтиш идома дорад
Раёсати ВКД таъкид мекунад, ки нисбати гумонбар тафтиши пешакӣ оғоз шуда, айни замон ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Мақомот ҷузъиёти бештари парвандаро ироа накардаанд, аммо гуфта мешавад, ки далелҳои нави даст доштани номбурда дар қаллобӣ мавриди баррасии ҳуқуқӣ қарор доранд.