Friday, April 18, 2025
ads
HomeСиёсатКДАМ бар зидди ВКД: тирпаронии шабона миёни сохторҳои амниятии Тоҷикистон дар марз

КДАМ бар зидди ВКД: тирпаронии шабона миёни сохторҳои амниятии Тоҷикистон дар марз

Дар шаби 6-уми апрели соли 2025 дар наздикии минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ноҳияи Дарвоз, дар ҷануби Тоҷикистон, миёни нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар (ВКД) задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа як корманди ВКД захмӣ ва ду нафари дигар боздошт шуданд.

Мувофиқи иттилои манобеи TajNews, задухӯрд тақрибан соати 1 шаб дар ҳудуди минтақае, ки аз он барои қочоқи маводи мухаддир истифода мешавад, сар задааст. Ҳангоми амалиёти шабона, марзбонони КДАМ кормандони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД-ро, ки бо либоси мулкӣ ва бе мувофиқаи расмӣ дар минтақа ҳузур доштанд, кочоқбар гумон карда, ба сӯи онҳо тир кушодаанд.

Натиҷаҳои ҳодиса:

  • Майор Д.М., корманди ВКД, аз қисмати пой ва шикам захмӣ шуда, дар бемористони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бистарӣ шудааст;
  • Полковник Ф.Ш. ва подполковник Н.Қ. — ду корманди дигари ВКД, аз ҷониби марзбонон дастгир ва ба боздоштгоҳи КДАМ дар шаҳри Душанбе интиқол ёфтаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, кормандони ВКД изҳор доштаанд, ки ҳадафашон ошкор ва мусодираи як махфигоҳи маводи мухаддир дар минтақаи марзӣ буд, вале марзбонон онҳоро ношинос дониста, бе ҳушдор тирборон кардаанд.

Мавқеи нерӯҳои марзбонӣ:

Марзбонон дар изҳороташон ба мақомот гуфтаанд, ки дар бораи ҳаракати гурӯҳи ношинос бо мошини “Мерседес Бенс” дар минтақаи мамнӯи марзӣ иттилоъ гирифта, барои тафтиши он равон шуданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳеч ниҳоде бидуни ҳамоҳангӣ бо КДАМ ҳаққи анҷоми амалиёт дар минтақаҳои наздимарзиро надорад ва аксияе, ки кормандони ВКД анҷом доданд, ғайриқонунӣ будааст.

Мавқеи мақомоти расмӣ:

То ин лаҳза, ягон мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла КДАМ ва ВКД, дар робита ба ин ҳодиса изҳороти расмӣ нашр накардаанд. Аммо Додситонии низомии кишвар таҳқиқи ҳодисаро оғоз намудааст.

Таҳлил ва эҳтимолҳои пинҳонӣ:

Задухӯрди мусаллаҳона миёни ду сохтори қудратии кишвар дар минтақаи марзӣ — ҳодисаи бесобиқа мебошад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, задухӯрд дар минтақае иттифоқ афтодааст, ки бо шабакаҳои қочоқи маводи мухаддир маъруф аст. Ба ҳамин хотир, иддаоҳо дар бораи эҳтимоли даст доштани афроди алоҳида аз сохторҳои қудратӣ дар қочоқи маводи мухаддир торафт бештар мешавад.

Коршиносони амниятӣ бар ин назаранд, ки марзбонони КДАМ дар доираи салоҳиятҳои худ амал кардаанд, зеро ВКД барои чунин амалиёт бояд қаблан ҳамоҳангӣ мекард. Ҳодисаи мазкур метавонад ба масъалаи ҳамоҳангсозии байни сохторҳои амниятии Тоҷикистон дар минтақаҳои ҳассос таъсири ҷиддӣ расонад.

TajNews таҳаввулоти ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад ва дар сурати дарёфти маълумоти нав онҳоро нашр хоҳад кард.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика