«Э, ин ҷанг аст, баъзан бадтар аз ин мешавад» — ин суханони як ҷавони муҳоҷир аз Тоҷикистон аст, ки дар наворе, ки чанде пас аз амалиёти низомии артиши Русия дар шаҳри марзии Суджа (вилояти Курск) сабт шудааст, баён мегардад. Ҷавон худро бо номи ҷангии «Ҳамид» муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, 22 сол боз дар Русия зиндагӣ мекунад. Ӯ ба ҷанг бо умеди дарёфти шаҳрвандии Русия пайвастааст.
Ин навор дар гурӯҳи миллатгароёни рус бо номи «ТОЛЕРАСТИЯ» дар шабакаи Telegram паҳн шудааст. Муаллифони канал ва намояндагони доираҳои миллатгарои рус, аз ҷумла вакил ва военкор Андрей Медведев, ин ҷавони тоҷикро ҳамчун намунаи “муҳоҷири арзанда” тавсиф кардаанд. Медведев менависад:
«Маҳз ба чунин одамон бояд шаҳрвандӣ ва хона дода шавад, на ба мардони ришдор ва ҳамроҳонашон, ки дар либосҳои сиёҳ печидаанд».
Ӯ ҳамчунин илова мекунад:
«Бо ширкат дар ҷанги мо, ӯ ба қисме аз таърихи Русия табдил ёфт. Ин аст ҳамгироии ҳақиқӣ — вақте инсон омода аст, ки барои кишвар ҷанг кунад, на барои иштирок дар фестивали плов».
Ин гуна баёни таҳқиромез ва истифодаи муҳоҷирон дар таблиғоти сиёсӣ аз ҷониби миллатгароён боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ шудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, чунин наворҳо ва изҳорот танҳо як ҳадаф доранд: ташвиқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба ширкат дар ҷанг бо ваъдаи дарёфти шаҳрвандӣ ва “эҳтиром”.
Поймолсозии арзишҳо ва инсонгароӣ
Ба ҷои он ки муҳоҷирон ҳамчун инсонҳое бо ҳуқуқ, эҳтиёҷот ва ормонҳо эҳтиром ёбанд, онҳо ба воситаи таблиғоти сиёсӣ табдил меёбанд. Ҷони ҷавон, оила, орзуҳои зиндагӣ — ҳама қурбони як виза ё як ҳуҷҷати расмӣ мешавад.
Даъват ба муҳоҷирон:
Муҳоҷирони азиз! Ба ваъдаҳои хушку холии шаҳрвандӣ ва “эҳтироми давлатӣ” бовар накунед. Ин ҷанг на ҷанги шумо аст ва на ҷанги миллататон. Ҳаёти шумо, фарзандонатон ва ояндаатон аз ҳар як шиноснома арзишмандтар аст. Наход барои як варақ коғаз, ки бо хуни шумо мебарояд, ҷонатонро фидо кунед?