Sunday, April 20, 2025
ads
HomeМуҳоҷиронҶавони тоҷик дар Пятигорск ба омодасозии ҳамлаи террористӣ дар консерт гумонбар дониста...

Ҷавони тоҷик дар Пятигорск ба омодасозии ҳамлаи террористӣ дар консерт гумонбар дониста мешавад Видео

Дар шаҳри Пятигорски Русия як амали террористие, ки қарор буд рӯзи 16 апрел дар ҷараёни консерти ҳаҷвнигори шинохта Павел Воля сурат бигирад, пешгирӣ гардид.

Бино ба иттилои манбаъҳои амниятӣ ва канали хабарии “112”, Исроилҷон Қурбонов, ҷавони 24-солаи зодаи Тоҷикистон, дар нақша дошт бо истифода аз “коктейли Молотов” Қасри фарҳанги “София”-ро ҳангоми консерт оташ занад.

Тафтишот муайян кардааст, ки Қурбонов бо аъзои гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ” (созмони мамнӯъ дар Русия) дар тамос буда, бо дастури онҳо се маводи таркандаи сӯхторӣ омода намудааст.

Як ҳафта қабл аз санаи ҳамла, ӯ ба Қасри фарҳанг рафта, акс ва видео гирифтааст ва онро барои “куратор”-ҳои худ фиристодааст.

Бо амалиёти фаврии мақомоти амниятӣ, рӯзи гузашта ӯ боздошт гардид. Дар манзили зисташ маводи сӯхторӣ, кордҳо ва як табар пайдо шудааст.

Нисбати Қурбонов бо банди “Омодагӣ ба амали террористӣ” парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Консерти Павел Воля, ки бояд дар ҳамин рӯз баргузор мегардид, бо эълони “мушкилоти техникӣ” лағв карда шуд. Вале маълумоти манбаъҳо нишон медиҳад, ки сабаби аслии лағви консерт — хатар ба амнияти ҷамъиятӣ будааст.

Мақомоти Русия айни ҳол робитаҳои эҳтимолии гумонбарро бо дигар аъзои гурӯҳҳои террористӣ таҳқиқ доранд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика