Пайвандони ду сокини шаҳри Конибодом, ки бо иттиҳоми даст доштан дар куштор ба 20 соли зиндон маҳкум шудаанд, мегӯянд, муборизаи дусолаи онҳо барои собит кардани бегуноҳии наздиконашон то ҳол натиҷа надодааст.
Соли гузашта Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфовро дар куштори Зиёвуддин Кимсанови 48-сола гунаҳкор дониста, ҳар якро ба 20 соли зиндон маҳкум намуд. Ҳодиса тобистони соли 2023 дар Конибодом рух дода, ҳукм охири соли 2024 содир шудааст.
Пайвандони маҳкумшудаҳо мегӯянд, додгоҳ далели қотеъе барои даст доштани онҳо дар куштор пешниҳод накардааст ва фарзандони онҳо зери шиканҷа гуноҳро эътироф кардаанд. Раҳим Раҷабов, бародари Аюб Раҷабов, дар суҳбат бо расонаҳо гуфт:
“Аюб дар додгоҳ гуфт, ки ‘ҷигарам, гурдаам тамом шудааст, ман якуним моҳ аз ҷоям хеста натавонистам. Қабурғаҳоям шикастанд. Даҳ рӯз маро бо барқ шиканҷа доданд.'”
Ҳамида Холиқова, ҳамсари Мансур Юсуфов низ таъкид кардааст, ки шавҳараш шахсан Зиёвуддин Кимсановро намешинохтааст ва ҳамаи иттиҳомот зери фишор ва зӯроварӣ сохта шудаанд.
Ҳамзамон, таҳқиқот ва додгоҳ бар асоси эътирофҳое, ки маҳкумшудаҳо дар шароити шиканҷа додаанд, қарор содир кардааст. Пайвандони маҳкумшудаҳо талаб доранд, ки парванда аз сари нав ва бо риояи меъёрҳои қонунгузорӣ бозбинӣ шавад.
Ба гуфтаи онҳо, киштзори Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфов дар паҳлӯи замини Кимсанов ҷойгир буд ва эҳтимолан баҳс сари обёрӣ рух додааст. Аммо худи пайвандони Кимсанов низ мегӯянд, ки шоҳиди занозании байни онҳо набудаанд.
Шарофиддин Кимсанов, падари Зиёвуддин, изҳор дошт:
“Мо ҳодисаро надидаем. Шояд барои обёрӣ ҷанҷол шуда бошад. Ба фикрам, писарамро бо каланд ё бел задаанд, чун устухонаш шикаста буд.”
Зиёвуддин Кимсанов рӯзи 30 июни соли 2023 нопадид шуда буд. Танҳо баъди як моҳи ҷустуҷӯ ҷасади ӯ дар як ғор дарёфт гардид. Ба гуфтаи наздиконаш, мақомот ҷасадро барои ташхис боздоштанд ва пас аз ду моҳи марг барои дафн доданд.
Тафтиши ин ҳодиса ва рӯшан кардани ҳақиқати он то ҳол масъалаи номуайян боқӣ мондааст. Ҳарчанд ҳарду ҷониб мегӯянд, ки то замони ҳодиса ҳеҷ ихтилофе байни онҳо вуҷуд надошт.
Пайвандони маҳкумшудагон ва ҳомиёни ҳуқуқ тақозо доранд, ки парванда бо риояи принсипҳои адолат ва шаффофият аз нав баррасӣ шавад.