Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeМуҳоҷиронҶасорати як муҳоҷири тоҷик дар Маскав: Отабек Мадраҳимов мошини оташгирифтаро хомӯш кард

Ҷасорати як муҳоҷири тоҷик дар Маскав: Отабек Мадраҳимов мошини оташгирифтаро хомӯш кард

Отабек Мадраҳимов, шаҳрванди Тоҷикистон ва муҳоҷири корӣ дар Русия, дар шаҳри Маскав дар як ҳолати фавқулода ҷасорат нишон дода, мошини алангагирифтаро хомӯш кардааст. Ҳодиса рӯзи 24-уми апрел дар яке аз шоҳроҳҳои пойтахти Русия рух додааст.

Дар наворе, ки аз ҷойи ҳодиса нашр шудааст, дида мешавад, ки Отабек Мадраҳимов бо мошини обкаши худ дар миёни роҳ меистад ва бо ҷасорати зиёд оташи мошини оташгирифтаро фурӯ менишонад. Наздик ба ҷои ҳодиса кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ низ ҳузур доранд ва барои кӯмак омода мешаванд.

Тибқи иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, Отабек Мадраҳимов корманди хоҷагии коммуналии ноҳияи “Хорошёво-Мнёвники” буда, муваққатан дар шаҳри Маскав фаъолият дорад.

Ин ниҳод бо такя ба нақли худи Отабек навиштааст, ки ӯ бо гумони он ки дар дохили мошини оташгирифта мумкин аст одамон бошанд, бе тарс аз хатари таркиш, ҷасурона оташро хомӯш кардааст.

«Ман қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо овардам. Гумон кардам, ки дар дохили мошин одам ҳаст. Мо тоҷикон ҳамеша дар ҳолатҳои душвор ба кумак шитофтанро қарзи худ медонем», — гуфтааст Отабек Мадраҳимов.

Намояндагӣ ба Отабек барои рафтори ҷавонмардона ва ҷасорати зоҳирнамудааш изҳори сипос намуда, амали ӯро намунаи ибрат барои дигарон хондааст.

Бо вуҷуди ин, расонаҳои Русия, ки одатан ба ҳодисаҳои манфии марбут ба муҳоҷирон таваҷҷуҳ доранд, аз ин иқдоми қаҳрамононаи муҳоҷири тоҷик хабар надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки расонаҳои Русия аксаран дар бораи қоидавайронкуниҳо ва ҳодисаҳои манфӣ аз сӯи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд, аммо аз инъикоси корҳои неку фидокоронаи онҳо худдорӣ менамоянд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

1 COMMENT

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular