Wednesday, January 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафари раисҷумҳур маоши ваҳдатиҳоро хӯрд

Сафари раисҷумҳур маоши ваҳдатиҳоро хӯрд

Кормандони буҷавии ноҳияи Ваҳдат се моҳ аст, ки маоши худро нагирифтаанд ва ҳар гоҳ касе барои маошаш даъво кард, масъулини ноҳия сафари раисҷумҳур ба ин ноҳияро баҳона меоранд.

Аз номае, ки гурӯҳе аз муаллимони ин ноҳия ба “Паём” навиштаанд, бармеояд, ки маоши эшонро масъулин гӯё барои ободкории ноҳия, ки дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон анҷом гирифтааст, масраф кардаанд. Ба суоли муаллимону табибони ноҳия, мабнӣ бар ин ки маошашон кай пардохт хоҳад шуд, масъулин посух медодаанд, ки маоши онҳо барои омодагӣ ба сафари раисҷумҳур масраф шудааст.

Ин муаллимон навиштаанд, ки бар иловаи пардохт нагардидани маошашон, онҳоро маҷбур мекардаанд ҳамроҳ бо хонандагони макотиби миёна дар гармову гуруснагиву ташнагии Рамазон ба машқи “маршировка” бароянд.

Ҳамчунин масъулини тамоми муаллимону табибони ноҳияро таҳдид кардаанд, ки ба воситаҳои ахбори омма муроҷиат накунанд.

Аз номаи муаллимон бармеояд, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни иди Ваҳдати миллӣ ба ин ноҳия сафар хоҳад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular