Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсӣ ва бародари Эҳсон Одинаев, маъруф ба Сарафрози Оламафрӯз аз гурӯҳи гурезагони сиёсие ҳикоят кардааст, ки дар Аврупо аз Эмомалӣ Раҳмон ва режими ӯ ҳимоят мекунанд.
Вайсиддин дар як навиштааш дар шабакаи иҷтимоии фейсбук мегӯяд дар бошигоҳҳои Аврупо гурӯҳе аз “гурезагони сиёсӣ”-и тоҷик истиқомат мекунанд, ки бо мухолифон вориди баҳсу талош мешаванд ва изҳори ҳайрат мекунанд, ки чаро мухолифин аз пешвояшон интиқод мекунанд.
“Гурезагони зиёде аз Тоҷикистон ба Аврупо меоянд ва ба ин кишварҳо аз диктатор паноҳ мебаранд. Вале вақте моро диданд ё гӯш карданд, бо қаҳр мепурсанд, ки “чаро шумо пешвои моро сиёҳ мекунед?””- навиштааст ӯ.
Сипас Одинаев аз ин гурезагон мепурсад, ки “агар танқиди пешвоятон ба шумо ин қадар сахт мерасад, шумо дар инҷо чӣ номаъқул мекунед Ё шумо ҷосусҳои нави Ятимов бо мағзҳои Бег Сабуров ҳастед?”
Вайсиддин мегӯяд, ин нафарон дар ҳоле ба ҳимоят аз Эмомалӣ Раҳмон бархостаанд, ки худашон “гурезаи сиёсӣ” номида мешаванд, ки “аз тарафи режими диктотурӣ мавриди таъқиб қарор гирифтаанд”.
Тибқи гуфтаи Одинаев ин “гурезагон” ҳамчунин мухолифонро ташном медодаанд, ки “шумо ҳайвонед! Дар солҳои 90-ум ҳам майдони Шаҳидонро ҳамингуна ютуберу журналистакҳо ташкил карда буданд”.