Амири Дубай шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Махтум, ки вазифаи сарвазирии Аморати Муттаҳидаи Арабро низ ба душ дорад, баъди санҷиши ғайриинтизор фармон дод, ки нӯҳ мансабдори воломақоми шаҳр аз вазифа сабукдуш карда шаванд.
Шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Махтум субҳи рӯзи якшанбе бидуни огоҳ намудан дафтари Раёсати муносибатҳои замин ва рушди иқтисод ва фурудгоҳи байналмилалии Дубайро дидан кард. Дар АМА чун дар аксарияти кишварҳои дигари мусулмонӣ рӯзи асосии истироҳатӣ — ин рӯзи ҷумъа мебошад ва ҳафтаи корӣ аз рӯзи якшанбе оғоз мегардад.
Шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Махтум бо ин усул аз якчанд дафтарҳои кории дигар низ дидан карда, бархе аз онҳоро холӣ аз масъулин дарёфт. Бино ба иттилои сардори Хадамоти ташрифоти давлатӣ Халифа Саид, ҳини боздид ва санҷиши ногаҳонии шайх Муҳаммад мансабдорони воломақом дар ҷойҳои кориашон ҳузур надоштанд.
Рӯзи дигар, пас аз боздид шайх фармон дод, ки нӯҳ мансабдор аз вазифа озод карда шаванд. Миёни онҳо директори иҷроияи Раёсати масоили ҳуқуқӣ, директори дастгоҳи маъмурият, муовини директори кулл ва як зумра ёрдамчиён мебошанд.
Бино ба маълумоти расмӣ, озоднамоии онҳо ба хоҳиши Шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Махтум оид ба додани имконият ба насли нави ҷавонони пешқадам барои гирифтани масъулияти марҳилаи навбатии рушд иртибот дорад. Мири Дубай ба мансабдорони барканоршуда дар оянда муваффақият орзу карда, ба онҳо барои корҳои анҷомдодаашон изҳори миннатдорӣ намуд.
Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои диктаторӣ ба мисли Тоҷикистон барканории мансабдорони баландпояи бемасъулият ба маънои ба вазифаи дигари баландтар гузаштан аст.