Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТазоҳуроти тоҷикон дар Варшава оғоз шуд (аксҳо)

Тазоҳуроти тоҷикон дар Варшава оғоз шуд (аксҳо)

Тоҷикони муқими Ҷумҳурии Лаҳистон (Poland ) ба хотири озодии вакили дифоъ Ҷамшед Ёров ва тамоми маҳбусони сиёсӣ, имрӯз 31 -уми Август назди бинои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)барои барпо намудани тазоҳуроти дастаҷамъӣ ҷамъ шудаанд. Айни ҳол тазоҳурот дар ҳоли оғозёбист. Дар ин бора яке аз фаъолони ин тазоҳурот Ҳабиб Тешаев ба ПАЁМ.net хабар дод.

Ду рӯз пеш мубтакирони ин тазоҳурот тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ  аз тамоми тоҷикони кишвари Лаҳистон даъват ба амал оварда буданд, ки дар ин чорабинӣ иштирок намоянд.

Қобили зикр аст, ки баъди боздошти Ҷамшед Ёров тоҷикони муқими аксар кишварҳои ҷаҳон элон карданд, ки  ба хотири озодии Ҷамшед Ёров ва маҳбусони сиёсӣ даст ба тазоҳурот хоҳанд зад. Дар ҳамин ҳамин росто 26-август  дар Олмон назди дафтари СММ дар шаҳри Бон бо иштироки зиёда аз 100 нафар тазоҳурот баргузор гардида буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular