Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоМақомоти дурӯғгӯ ва «Озодӣ»-и дурӯғросткун

Мақомоти дурӯғгӯ ва «Озодӣ»-и дурӯғросткун

Ба назар мерасад, радиои «озодӣ» вақтҳои охир дар баробари таблиғу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон қисман кормандони он вазифаи дурӯғросткунии дурӯғҳои мақомоти интизомӣ ва низомии кишварро ҳам ба худ ихтисос додаанд.

Ба ростӣ, онҳое, ки мантиқӣ мутолеа ва фикр мекунанд, бо хондани чунин матолиби шубҳанок дар як они воҳид чандин андеша ва суол дар зеҳнашон пайдо мешаваду чарову чиро ва чунинҳои ба мавриду бемаврид онҳоро ором намегузорад.

Агар як ҷумлаи мавриди назарро дар зеҳнамон дурусттар таҳрир кунем, дар ҳол дурӯғ будани ин хабар ва сохтакорӣ кардани ин саҳнасозӣ ошкор мешавад. Барои мисол, фарз кардем, ин афроди кушта шуда қасди сафар ба Афғонистонро доштаанд, о кадом ақли солим инро қабул мекунад, ки як гурӯҳи ҳафтнафара ва он ҳам касоне, ки як умр аз нону намак ва дастархони хонаводаи афроди низомӣ хӯрдаанд, бо қасди содир кардани ҷиноят, дар як вақт ва бо як роҳ ва барои амалисозии як ҳадаф якҷоя ба тарафи Афғонистон азми сафар кунанд?

Фарз кардем, ин 7 нафари «галӯ» ва «гумроҳ» шуда буданду аз таъқибу фишори мақомот ба дод омада, якҷоя ба ноҳия Восеъ сафар карданд, то аз он ҷо гузашта ба Ҳамадониву сипас худро ба Афғонистон бирасонанд, ҳамин Анвар Ҳусенов, муовини (УБОП) сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохила, ки мақарри он дар қалби пойтахт, дар шаҳри Душанбе асту дар рӯзу вақти корӣ бояд онҷо бошад, дар ноҳияи Восеъ чӣ кор мекард, ки дар ин ҳодисаи заду хурди онҳо ҷароҳат бардошт?

Бар илова, агар ҳодиса рост бошад, иддаъоҳои мақомоти корҳои дохила, ки то чанд рӯзе пеш мегуфтанд, дар ду се соли ахир рӯзона ба ҳисоби миёна 4-5 «террорист» ва «экстримист»-ро дар ҳудуди кишвар боздошт ва ё саркӯб кардаанд, дурӯғ будааст.

Инчунин кӣ бовар мекунад, ки анҷоми ин ҳодиса пайвандони «террорист» №1 Тоҷикистон, собиқ сарҳанг (полковник) корҳои дохила ҷаноби Гулмурод Ҳалимовро бетаъқибу назорат гузошта буданд ва онҳо тавонистанд пинҳонӣ нақшаҳои харобкорӣ ва анҷоми ҷиноят(убур кардан ғайриқонунии марз) -ро бикашанду боз ошкоро якҷо ба қасди Афғонистон то ноҳи Васеъ бираванд?

Эҳтимол, он ҳам бар асоси саҳнасозиҳои гузаштаашон, асли ин сенария дигар аст,
шояд кормандони УБОП-и мақомоти корҳои дохилаи Тоҷикистон худашон ин афродро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ таъқибу боздошт карда, сипас дар охир онҳоро бо ниҳояти бераҳмӣ ва бешармӣ заданду куфтанду куштанд ва ҷасадҳои беҷонашонро ба хотири хокпошӣ дар чашми мардум бурда ноҳияи Восеъ партофтанд ва он ҷо ҳам бо анҷоми як саҳнасозӣ ва чанд тир ба ҳавову замин шилик кардан ин достони дурӯғинро сохтанд кормандони «озодӣ» ҳам ин дурӯғи онҳоро рост карда, ба он муҳри сиҳҳат гузоштанд…

Амруллоҳи Низом

Манбаъ: саҳифаи фейсбукии муаллиф

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика