Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШарофиддин Гадоев: Мутмаинам, ки як рӯз ҳаққи мардум баргардонида мешавад

Шарофиддин Гадоев: Мутмаинам, ки як рӯз ҳаққи мардум баргардонида мешавад

Ҳини суханронӣ дар ҳамоиши Созишномаи сулҳи тоҷикон дар Дортмунди Олмон Шарофиддин Гадоев, фаоли сиёсии тоҷик гуфт, ки мутмаин аст, ки як рӯз не як рӯз ҳаққи мардуми мазлум аз золимон ситонида мешавад ва ҳаққи мардум баргардонида мешавад.

Имруз, 9 уми июл дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоиши муҳоҷирони сиёсии Тоҷикистон дар робита ба 20 солагии баҳамоии Тоҷикон баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 баргузор гардида истодааст.

Ҳамоиши мазкур бо пахши суруди Миллии Тоҷикистон оғоз шуда, дар ҳамоиш бештар аз 100 нафар тоҷикони муқими Урупо, аз ҷумла раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, коршиноси масоили сиёсӣ Олег Панфилов, ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров, роҳбари гурӯҳи Анҷумани мухолифони Тоҷикистон Шарофддин Гадоев ва Гурӯҳи 24 дар ин ҳамоиш ширкат доранд.

Шарофиддин Гадоев, ҳини суханронияш дар ин ҳамоиш командаи ҳукумати кунуниро тудаи авбошон хонд. У гуфт мардуми Тоҷикистон интизор надошт, ки ҳукумат як рӯз як ҷониби сулҳро экстремист ва террорист эьлон мекунад. Мардум худ дида истодааст, ки имрӯз кулли кору фаьолият дар Тоҷикистон хонаводаӣ шуда. Ман мутмаинам, ки як руз ҳаққи мардум баргардонида мешавад. Мо ҳам фарзанди кишвар ҳастем, террорист нестем ва ҳатман рӯзе бо сари баланд бармегардем.

Бояд гуфт, ки 27-уми июни соли 1997 неруҳои мухолифини Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар бо имзои санади Созишномаи Сулҳ ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима бахшиданд. Аз соли 1997 ба ин тараф рузи 27 уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешуд. Аммо, аз соли 2010 ба ин тараф ҷашнвораи мазкур аз тарафи ҳукумат ҷашни яктараф арзёбӣ мегардид. Дар соли 2015 бо бастани Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ин ҷашн бештар ҷашни ҳукуматӣ гардида, аз нақши мухолифин дигар на ҳамчун як тарафи сулҳ, балки як ҷониби ҷанги шаҳрвандӣ ишора мегардид.

Ҳамоиш тавассути радиои Зелло бо номи parastu садоӣ ва аз шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар гурӯҳи Паёми мардум видеоӣ мустақиман пахш шуда истодааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular