Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалии тоҷикони бурунмарзӣ, ки имрӯз дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор гашт, гуфт: “Чаро Созишномаи сулҳро нашр намекунанд?”
Ӯ бо ишора ба интиқод аз наҳваи таомули ҳукумати Тоҷикистон бо Созишномаи сулҳ, афзуд: “Ба таваҷҷуҳи ҳамаи онҳое, ки моро аз ҳар куҷо мешунаванд, барои чӣ ягон маротиба матни созишномаро нашр намекунанд? Чаро ягон бор матни протоколҳо ва санади ҳамдигарбахширо мунташир намекунанд? Мегӯянд, 20-солагии созишнома. Кадом созишнома? Мардум чиро ҷашн бигиранд?”
Раҳбари ҲНИТ хитоб ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт: “Биёед, ҳамон матни созишномаро нашр кунед ва дар мактабҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо биомӯзонед. Матни санади ҳамдигарфаҳмиро ба мардум бифаҳмонед. Ба хотири он нашр намекунанд, зеро онҳо медонанд, ки агар мардум донанд, ки ду тараф барои чӣ сулҳ карданд ва ҳадаф аз сулҳ чӣ буд ва ба чӣ натиҷа расиданд, он вақт хиёнаткории онҳо, дурӯғи онҳо ва ҷиноятҳои онҳо ошкор хоҳад шуд.”
“Ин санадҳо ҳамчун оинае ҳаст, ки аз тариқи он камбудиҳои худро мебинанд. Ба ҳамин хотир аст, ки 20-солагии созишномаро ҷашн мегиранд, вале ба мардум намегӯянд, ки ин созишнома чӣ буд.” – афзуд ӯ.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки бо ташаббуси тоҷикони бурунмарзӣ имрӯз 9-уми июли 2017 дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоиши байналмилалӣ оиди Созишномаи сулҳ баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, имрӯз, 9 уми июл дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоиши муҳоҷирони сиёсии Тоҷикистон дар робита ба 20 солагии баҳамоии Тоҷикон баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки бештар аз 100 нафар тоҷикони муқими Урупо, ҳамчунин шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла ҷаноби Олег Панфилов, журналист ва пажуҳишгари маъруфи тоҷики муқими Гурҷистон, ки дар мавриди Созишномаи сулҳ пажуҳишҳои зиёде дорад, Тимур Варқӣ, журналисти собиқадори тоҷик ва ғайра ширкат карданд.
Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш, фаъолони тоҷик, аз ҷумла Шарофиддин Гадоев, Нуриддин Ризоӣ, Ҷамшед Ёров, Муҳаммадрасул, Вайсиддин Одинаев ва ғайра суҳбат карданд. Аммо Абдулло Давлатов, раиси ҷамъияти Тоҷикони Русия аз тариқи скайп-онлайн суханронӣ кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

