Рости қабл аз оне ки қалам ба даст бигирам ва ин паёми кутоҳро ба бародарон ва модарам нависам, бо худ фикр кардам, то паёме ба кормандони прокатура, амният ва ВКД-и кишвар нависам, то аз фишору таъқибу таҳдиди модар ва хонаводаам даст бикашанд. Аммо баьдан ба хулоса омадам, ки навиштани паём ба сохторхои мазкур ҳеҷ суде надорад ва нахоҳад дошт. Зеро рафтори кормандони мазкури кишвар ба ҳама маълум аст. Ва харфро ба касе мегуйи, ки аҳли ҳарфу хирад бошад.
Модар ва бародарони азиз ва мазлумам!
Медонам, ки тақрибан ду руз қабл аз баргузории «Ҳамоиш бахшида ба 20- умин солагарди созишномаи сулҳи тоҷикон» кормандони прокатура, амният, ВКД ва намояндагони ҷамоати Себистони ноҳият Данғара ба хонаи модарам омада, шумо ва аҳли хонаводаро фишор ва шадидан таҳдид кардаанд, то ман аз баргузор кардани ин чорабинӣ даст бикашам ва худамро ба онҳо таслим накунам. Ва дар ҳолати даст накашиданам, замини кишт ва хонаву моликияти ночизи аҳли хонаводаамро хоҳанд гирифт. Ва бароятон муҳлати хело кутоҳ ҳам муаян карданд.
Модар ва бародарони гиромиям!
Тақрибан аз ҳамоиш 20 дақиқа гузашта буд, бароям хабар расид, ки заминҳои хонаамонро алакай гирифта тақсим ва мусодара кардаанд. Ва болои шумо ва модари беморам чунон фишору таҳдидро раво диданд, ки қаблан анҷом надода буданд. Ва медонам, ки бароятон хело душвору мушкил буд ва ҳаст.
Модари азизам!
Медонам, ки муддати 25 сол аст, ки шумо зери фишору таҳдиди номардон ҳастед. Хамон шахсоне, ки хатто ба тифли 3 солаат раҳм накарда уро ба шаҳодат расонданд, имруз боз мехоҳанд он амалҳои палидашонро дубора анҷом диҳанд. Солҳои 90- ум бошад шавҳар, ду писар, духтари 5 солаатон, амак ва чандин писарамакатро ба шаҳодат расонида, рузе набуд, ки аз чашмони покат ашкҳо чун қатраҳои борон ҷори нашуда бошад. Аз соли 1993 то соли 2003 ба муддати 10 сол дар фироқи ман месухтеду нола мекардед. Соли 2002- ум буд, ки бо буҳтону дуруғ ва табаддулоти давлати гуфта фарзанди дигаратро ба муддати 25 сол аз озоди маҳрум карданду то ба ҳол дар фирокаш месузеду нола мекунед. Имруз бошад бар замми он ҳама ноадолатиҳое, ки ба шумо раво дидаанд боз ҳам иктифо накарда барои гирифтани қасос аз ман, мехоҳанд моликияти ночизи фарзандонат ва хонаи зистатро золимона биситонанду ғасб кунанд.
Модари қаҳрамон ва бародарони азизам!
Ризқдиҳандаи мову шумо Аллоҳи мутаъол аст. Он парвардигоре, ки солҳои ҷанг шуморо ҳифз карду ризқу рузӣ дод, ҳатман ба шумо дар ин рузҳои душвор ва мушкил ҳатман ризқу рузӣ медиҳад. Ҳеч гоҳ Аллоҳи мутаъол шуморо муҳточи золимону қотилон ва номардон нахоҳад кард ва банда ба ин имони комил дорам. Дар ин рузҳои мушкил ва душворе, ки паси сар мекунед, ман ба шумо чизе гуфта наметонам, магар оёте аз Қуръони маҷид: » Ба таҳқик баъд аз ҳар мушкилӣ ва сатхӣ осоние ҳаст», ва «Паёни шаби сиёх, сафед аст».
Модар ва бародарони меҳрубонам!
Ягона хоҳиши ман аз шумо инаст, ки аз ман розӣ бошед ва аз дуои некатон фаромушам накунед.
Зеро шумо манро аз ҳама бештар ва хубтар медонед, ки ҳеҷгоҳ ба роҳи нодурус қадам намонда будам ва нахоҳам монд. Роҳе ки мову шумо интихоб кардаем, роҳи Аллох ва роҳи ислому роҳи озодии миллатамон аз ғуломӣ аст.
Ҳатто, Ҳамоише ки ба хотири 20- умин солгарди Сулҳи тоҷикон баргузор шуд, ҷашни миллӣ буд, ки бояд ҳар фарди кишвар онро ҷашн гирад. Аммо чи илоҷ ки ҷониби муқобил номард ва аз ақлу мантиқу хирад фарсахҳо дур мебошанд.
Ва чи илоҷ ки роҳи мубориза, ҳам хушиҳо дораду ҳам сахтиҳо.
Шуморо ба Аллоҳи меҳрабон ва ба он зоте месупорам, ки ҳама олам дар ихтиераш аст.
Бо иҳтиром: фарзанди шумо, Ҷаннатуллои Комил
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

