Давлат Сафар, журналист-шоире, ки дар арафаи интихоботҳои президентӣ ва парламентӣ муаллифи мавод ва шеърҳои зидди Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ, Саймуддин Дустов, муассиси ташкилоти ҷамъиятии «Индем» ва коршиноси муваффақ ва муллоҳо аст, аз ҳар як нашрияи зертобеъи вазорати фарҳанг «ставка» доштааст .
Як манбаъ дар Вазорати фарҳанг ба мо иттилоъ дод, ки зиёда аз як соласт, ки бо омаданаш ба вазифаи сардори раёсати табъу нашр ставкаро ҷорӣ кардааст.
«Масалан аз маҷаллаи «Чашма» 3 500 ҳазор сомонӣ бояд дар як моҳ пора гирад. Ҳамин тавр аз маҷаллаҳои «Афсона», «Офтобак», «Фирўза», рўзномаи кўдаконаи «Анбоз» низ ҳақ меситонанд, “доля”-и нашриёт бошад аз 8 ҳазор сомонӣ боло аст. Агар ин ставкаро сари вақт насупоред, рўзи дигараш санҷишу тафтишот сар мешавад. Ба дод омадаем, аммо ба ки мегўед? Агар ба роҳбарияти вазорат муроҷиат кунем худамонро қарздор бароварда, на танҳо аз вазифа сабукдӯш мекунанд, ҳатто парванда карда қаллобиву дуздии маблағҳои давлатӣ гуфта махкам мекунанд. Бисёр беинсоф аст, ҳама роҳбарони мақомоти қудратӣ ва тафтишоти ҷӯрааш аст. Вазири фарҳангро низ ў назорат мекунад»- гуфт манбаъ.
Яке аз сардабирони маҷалаи зертобеъи вазорат низ меъёри ставкаро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳама инро медонад, вале мақомот бо ин масъала сару кор намегирад.
«Як вақт гуфтам ака ин зиёди бад аст, охир мо аз маблағи обуна ҳам қарздорем. Гуфт ба ман чӣ? Натавонӣ ариза навишта бо хоҳиши худат аз кор рав! Одамони худашро намедонам аз куҷо мефиристад ки инҳоро кор гиред! Нагирӣ бин рўзатро! Корманди техникиро сардабири маҷалаи «Фирўза» мондааст, ин ба кадом меъёр рост меояд? Мегӯяд, ки раисони коррупсия ва муфаттишҳову судҳо дӯстони ман ҳастанд аз дастатон чӣ меояд? Ба ин гапҳо чи ҳам мегӯӣ?»- афсўс хурд ин сардабир.
Давлат Сафар яке аз журналистони муваффақ, ки то сатҳи ҷонишини директори телевизиони шабакаи аввал рафта буд, вале баъдан бо рост наомадани ситорааш бо Асадулло Раҳмон, собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радио аз кор рафт. Соли 2013 дар матлабе дар нашрияҳои дохилӣ навишт, ки манам «Фабрикаи ҷавоб». Аз ҳамон сол тахаллуси «ФБ»-ро(Фабирикаи ҷавоб) гирифт. Баъди бо қаҳр рафтанаш аз кори телевизион як кам бекор буду ба шеъру шоирӣ пардохт. Бо тахаллуси Зафар Суфӣ, низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шеърҳои танзу таҳқиромезаш нисбати Муҳиддин Кабирӣ, Саймуддин Дўстов, уламои дин ва бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ нашр мекард.
Дар ҳоле, ки кормандони соҳаи табъу нашри Вазорати фарҳанг аз фасодзада будани ин сардори раёсаташон изҳори нигаронӣ мекунанду то ҳол мақомоти зирабте сади роҳи ин амал нашудааст, пас воқеан Давлат Сафар “криша”-аш роҳбарони мақомоти амният ва дастандаркорони ҳамон хадамоти «ФБ» аст. Ин бори аввал нест, ки ҷомеа бо далелҳо аз фасодкор будани баъзе роҳбарон сӯҳбат мекунанд. Вале онҳое, ки ба васфу маддоҳии роҳбари аввали кишвар ва дигар сохторҳо машғуланду дар бораи онҳо шеъру маводи таърифӣ менависанд, мақомоти масъул сади роҳи қаллобии онҳо намешаванд.
Давлат Сафар дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҳам чанд ғазал навиштааст.
Зебо Қобилзода — Рӯзноманигор

