Пули Олчин, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро ба ҳам васл месозад ва як масири транзитии интиқоли коло байни ду кишвар ба ҳисоб меравад, шоми 31 уми август дубора боз гардид.
Гуфта мешавад, акнун мошинҳо бидуни мамониат ҳам ба самти Тоҷикистон ва ҳам ба самти Афғонистон ҳаракат менамоянд.
Асадулло Умархел, волии вилояти Қундузи Афғонистн ба хабарнигорон гуфтааст, ки пули Олчин аз ҷониби муҳандисони низомии афғон тармим шуда, дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва шоҳроҳи Қундуз- Бандари Шерхон кушода аст.
Дар ин авохир вилояти Қундуз ба мавзеи даргириҳо байни артиши миллӣ ва размандагони Толибон қарор гирифта буд ва дар пайи ҷангҳои нобаробар Толибон пули Олчинро инфиҷор дода, ба убуру мурури мошинҳои боркашон аз ин самт монеа эҷод намуданд. Пули Олчин дар Бандари Шерхон воқеъ афтода, шоҳроҳро ба шимоли шаҳри Қундуз мепайвандад. Гуфта мешавад, ки Бандари Шерхон бо ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳаммарз аст ва пули Олчин, ки онро пули “Дӯстӣ” ҳам меноманд, рӯи дарёи Ому бунёд гардида, яке аз роҳҳои хуби иниқоли коло ба ҳисоб меравад.
Таъкид мешавад, ки ин пул бо маблағи Амрико сохта шуда, ба рушди иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон хидмат мекунад.