Бо пайгирӣ намудани нишасти матбуотии Додситони Кулл касро ханда ва ҳамзамон гиря ҳам мегирад. Чунин як посухҳо ва тарзи сухангӯйиро аз вазири ВКД Рамазон Раҳимзода ё раиси КДАМ Саймумин Ятимов интизор будан ҷои тааҷҷуб нест, ки онҳо ба қассобӣ ва ваҳшоният ном баровардаанд ва зердастонашон низ ба мисли худашон тиҳимағзу бетарбияанд. Аммо сару кори Додситонӣ бо қаламу дафтар буда вазифаи аслиашон бе каму кост татбиқ намудани Сарқонун ва назорати қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ханда ҳам аз он посухҳои хушку такрорӣ ва тарс аз сӯҳбати ошкору шаффоф буд. Метарсанд, ки аз 4 калима бештар ҳарф бизананд, то нуқси кориашон рӯ назанад ва бо посухҳои «парванда боз шудааст» ё «тафтишот давом дорад» аз суол мегурезанд. Посухи Юсуф Раҳмон оиди фишор ва таҳқиру таъқиб шудани пайвандони мухолифин чунин буд: «Ин хел гап нест, ягон фишор ба аъзои оилаи онҳо нест. Дар доираи парвандаи ҷиноӣ хешу табори наздики аъзои “Гуруҳи 24” ва дигар созмонҳо мавриди пурсиш қарор мегиранд. Ягон хел фишор нест». Дар ин посух суолҳои зиёде пайдо шудаанд, ки ҷавобашон дурӯғу ҳарза будани ҳарфҳои Юсуф Раҳмонро ошкор месозад. 1. Магар барои ҷалби шаҳрванд барои бозпурсӣ дар доираи ин ё он парванда набояд даъватномаи расмӣ фиристода шавад? 2. Магар мисли авбош ба хонаи шаҳрвандон даромада таҳқиру дашном кардан маънои бозҷӯиро дорад? 3. «Бозҷӯӣ»- ҳои шумо бо сипарӣ шудани солҳо хотима намеёбад? Шумо то он дараҷа бесалоҳияту бемағзед, ки солҳо «бозҷӯӣ» карда ба хулосае намерасед? 4. Сангборон, таҳқир ва таҳдиди тифлону модарон аз ҷониби ансамбли Авангард ҷузъи «бозпурсӣ»- и шумо маҳсуб мешавад? Шумо ҳамчун назоратгари татбиқи қонун алайҳи ин тудаи авбош чи чора дидед? Нангатон бод бо ин дуруғҳоятон! Дар натиҷаи «бузпурсӣ»-и шумо каргасон, ду модар ба марг расид ва зарари маънавии он оилаҳо беҳисоб, ки ҳаррӯз дар ранҷанд. Ҳаргоҳ, ки порчае аз ҷинояту хиёнатҳоятон ошкор гашт ва дар мубориза кам овардед, дарҳол ба мисли каргасон ба тифлону модарон ҳуҷум мекунед ва дар рафтори шумо заррае аз инсоният ва мардонагӣ дида намешавад. Беохир шарматон бод! Муртазои Мирзо
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

