Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоКоҳиши 8,1 дарсадии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Коҳиши 8,1 дарсадии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Тибқи иттилои оҷонсии омори назди Президенти Тоҷикистон, давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ тиҷорати хориҷии тоҷикистон ба 195 миллион доллар ё 8.1 дарсад коҳиш ёфтааст.

Содироти мол ба маблағи 39 миллион доллар коҳиш ёфта чизе бештар аз 507 миллион долларро ташкил додааст. Коҳиш ба ҳисоби фоиз 7,7 дарсад аст.

Аммо воридот 8,4 дарсад кам шуда каме бештар аз 1,7 миллиардро ташкил додааст, ки ин камшавӣ бо рақам 156,2 миллион доллар аст.

Дар умум ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, ки бо иттилои Оҷонсӣ бо 101 кишвари ҷаҳон сурат гирифтааст, дар ин ҳафт моҳ 2 милларду 218 миллион доллар будааст, ки воридот аз содирот қариб 3,5 баробар бештар аст.

Шарикони асосии Тоҷикистон дар тиҷорат Русия, Чин, Қазоқистон ва Туркия будаанд, ки қисми бештари тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо ин чор кишвар сурат гирифтааст.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика