Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетШиркати Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти САҲА ва пахши эътирофи муовини раиси КДАМ

Ширкати Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти САҲА ва пахши эътирофи муовини раиси КДАМ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон субҳи имрӯз вориди Варшава, пойтахти Лаҳистон шуд ва мизи гирд оиди маҳбусони сиёсиро барандагӣ кард.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳошияи конфронси САҲА дар Варшава мизи гирд оиди маҳбусини сиёсиро ба муносибати Рӯзи маҳбусини сиёсӣ (16-уми сентябр)таҳти унвони «Маҳбусони сиёсии Тоҷикистон: Муҳокимаҳои ноодилона, маҳрумият аз ҳуқуқи доштани вакил, шиканҷа, озору азият ва маҳрумият аз ҳуқуқи асосии зиндонӣ» баргузор намуд.

Муҳиддин Кабирӣ зимни суханрониаш дар ин нишаст сабти садоеро пахш кард, ки ба ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдузъазиз Ҷаълов мутааллиқ аст. Дар ин сабт, ки байни Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулъазиз Ҷаълов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори Давлат аз муовини раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато даст дорад бовар мекунад? Муовини Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як  шаҳрванд посух мегӯяд, ки ҲНИТ дар “кудато” даст надорад.

Ин дар ҳолест, ки Абдулъазиз Ҷаълов масъули назорат аз болои ҲНИТ будааст. Масъулини наҳзат мегӯянд сабти комили мурофиаи додгоҳии 13 узви раёсати олии ин ҳизбро дар ихтиёр доранд ва ҳозиранд дастраси созмонҳои байналмилалӣ гардонанд.  

Муҳиддин Кабирӣ дар ин нишаст инчунин гуфт ҲНИТ дар паи тарҷумаи қарори додгоҳ нисбати аъзои раёсаташ ба забони ингдисӣ аст ва қисмате аз он аллакай тарҷума шудаанд.

Дар ин мизи гирд, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, созмонҳои ҳуқуқи башар ва байналмилалӣ, шахсиятҳои мустақил ва журналистон. аз ҷумла вакили маъруфи дифоъи Русия Дагир Хасавов, раҳбари бахши бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Алим Шерзамонов ва рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Темур Варқӣ ширкат карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?