Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳбаро, ҳаҷрави каҷрав шудаӣ, медонӣ?

Раҳбаро, ҳаҷрави каҷрав шудаӣ, медонӣ?

Раҳбаро, пеши барат нуқлу кабобу сур аст,
Шикамат серу ғамат дуру дилат масрур аст.

Ту чӣ донӣ, чу ҷигарбанди барат меболад,
Нолаи зиндаятимон чӣ қадар ноҷур аст.

Бузу бузғолаи маддоҳ дар атрофи туянд,
Ғами халқ аст магар? Нест, ғами охур аст!

Муфтият гуфт, ки бериш  будан амниятест,
Ин чӣ муфтӣ, ки  на илм асту на з-имон нур аст?

То ки равшанназарон панҷарабандӣ накунӣ,
Ҷумла рафтанд ва баргаштани эшон дур аст.

Ин қадар сарвату манзил ба куҷо хохӣ бурд?
Мисли мо ҳаққи ту ҳам руйи замин як гур аст.

Раҳбаро, ту на Худоӣ, на паёмбар, на бузург,
Он ки ин гуна туро хонд,  ду-се муздур аст.

Муздур он аст, ки ҳар рӯзи туро мешумарад,
Ва ҳамон дар талаби чоҳу тавону зӯр аст.

Баъди ту дар пайи мерос ғазо хоҳад шуд.
Ончуноне, ки намоишгаҳи маҳшар шӯр аст.

Раҳбаро, ҳаҷрави каҷрав шудаӣ, медонӣ?
Чашми нафсат ҳама во, дидаи имон кӯр аст.

Озодаи Меҳандӯст

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?