Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБераҳмтарин ҷаллоди ДОИШ дастгир шуд

Бераҳмтарин ҷаллоди ДОИШ дастгир шуд

Ба гузориши сойти хабарии “Стар” аз Туркия яке аз ҷаллодони машҳури ДОИШ дар Истанбул дастгир шудааст.

Бар асоси гузориши ин хабаргузорӣ дар як амалиёти густарда дар шаҳрҳои мухталифи Туркия дар чанд рӯзи гузашта наздик ба 200 нафар аъзоёни ДОИШ дастгир шудаанд. Дар миёни ин боздоштшудагон ҷаллоди машҳури ДОИШ Абдулхолиқ Абдулқодир Алӣ низ ҳаст. Ин ҷаллод яке аз бераҳмтарин қотилони ин гурӯҳ дониста мешавад, ки дар соли гузашта дар шабакаҳо машҳур гардид. Ӯ дар як навор бародари худашро ба хотири мухолифат бо ДОИШ ба қатл расонда, ин наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда буд.  Ҷаллодони гурӯҳи ДОИШ бо куштани мардум бо шеваҳои мухталиф мехостанд тарсу ваҳшатро дар дили рақибонашон эҷод кунанд.

Мутааасифона онҳо ҳамаи ин амалҳоро ба номи ислом анҷом медоданд. Дар ҳоле, ки чунин амалҳои ваҳшиёнаи зиддиинсониро на ягон дин ва на ягон  мактаби фикрӣ қабул надорад.

Амалҳои зиддидинӣ ва зиддиинсонии ин гурӯҳ баъди солҳо дар зеҳни мардум саволеро ба вуҷуд овардааст, ки ин гурӯҳ  чигуна ва бо ҳамояти кӣ ба вуҷуд омад ва дар як муддати кутоҳ чигуна инқадар рушд кард? Чаро ин гурӯҳ дар ибтидои пайдоишаш аз байн бурда нашуд, вале баъди ба як гурӯҳи калон табдил ёфтанаш аз байн бурда шуд?

Пойгоҳи баъдии ин гурӯҳи наҳс куҷо хоҳад буд? Ба иборати дигар баъд аз Ироқу Суркия сарзамини баъдии ДОИШ ё бо ҳар номи дигаре куҷо хоҳад буд?

Тамоми ин саволҳо зеҳни таҳлилгаронро ба худ машғул кардааст. Вале ончи мусаллам аст, ин аст, ки ин гурӯҳ ва амалҳояш ҳеҷ иртиботе бо дин надоранд. Аммо омилҳои пайдоиши чунин гурӯҳҳо ниёз ба таҳқиқ ва пажуҳиши бештар дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular