Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСуди наздик ба як миллиард долларии “Туркиш айрлайнз” дар се моҳ

Суди наздик ба як миллиард долларии “Туркиш айрлайнз” дар се моҳ

Ширкати ҳавопаймоии «Туркиш айрлайнз»-и Туркия бо интишори гузорише эълом кард, ки ин ширкат дар се моҳаи севвуми соли 2017 бо касби суди амалиётӣ ба мизони 939 миллион доллар, бештарин мизони суди амалиётиро дар таърихи фаъолияти ин ширкат касб кард.

Дар гузориши мунташиршуда аз сӯи ин ширкат омадааст:

“Ширкати “Туркиш айрлайнз” бо низоми молӣ ва шеваи пӯёи мудирият тавонистааст дар се моҳаи севвуми соли ҷорӣ 939 миллион доллар ва дар муддат 9 моҳа низ 956 миллион доллар суди амалиёти касб кунад, ки ин мизон бештарин мизони суди амалиётӣ дар се моҳаи севвуми сол тайи даврони фаъолияти ин ширкат маҳсуб мешавад”.

Даромади ширкати “Туркиш эйрлайнз” аз ҳамли мусофир ва бор дар се моҳаи севвуми соли ҷорӣ, нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2016 ба мизони чашмгире афзоиш ёфтааст.

Даромади ширкат бо 23 дарсад афзоиш дар се моҳаи севвуми соли 2017 ба 3.6 миллиард доллар расидааст. Даромади ширкат дар 9 моҳи имсол низ бо рушди 8 дарсадӣ ба 8.2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.»

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular