Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаркази омӯзишии САҲА ба низомиёни тоҷик

Маркази омӯзишии САҲА ба низомиёни тоҷик

Вазорати дифоъи Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе маркази омӯзиши маводи тарканда ташкил мекунанд.

9-уми ноябри соли ҷорӣ, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар якҷоягӣ бо Вазорати дифоъи Тоҷкиистон созишномаеро дар бораи таъсиси Маркази минтақавии омӯзиши маводҳои тарканда дар назди Вазорати мудофеа дар шаҳри Душанбе имзо карданд.

Бино ба иттилои сомонаи САҲА,  ин лоиҳа доир ба ҳалли  масъалаҳои мавҷудбуда дар ин соҳа дар минтақа ба тасвиб расидааст.  Шералӣ Мирзоев, вазири мудофиъа дар ин нишаст изҳор дошт, ки Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маркази омӯзиширо ба хотири безараргардонии таҷҳизоти тарканда ва омӯзиши монанд ба ин маводҳо дар ин минтақа ташкил мекунад.”

Раиси дафтари Созмони Ҳамкории Аврупо Туула Юрёля гуфт: “САҲА шарики ҳамешагии Ҳукумати  Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати дифоъ мебошад.”

Вай афзуд, мо ин  маркази таълимии минтақавиро барои  омӯзиши дастгоҳҳои тарканда дар назди Вазорати мудофиъа таъсис хоҳем дод ва барои идома ва ёрии он курсҳои  дарозмуддат ташкил хоҳем кард.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular