Торнамои GAZETA UZ гуфтааст, ки сиҳатии Ислом Каримов дар ин авохир шадидан бад шудааст ва ин торнамо бо иқтибос аз иттилоияи кобинаи вазирон навиштааст: “Ҳамватанони арҷманд, сидқан бо андӯҳи гарон хабар медиҳем, ки дар шаборӯзи гузашта вазъи сиҳатии президентамон бад шуда, аломатҳои манфӣ рух доданд. Табибон онро ба некӣ арзёбӣ намекунанд”.
Ин дар ҳолест, ки аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернет харабҳое паҳн мегарданд, ки аз як чорабинии мармузе дар Самарқанд ,зодгоҳи перзиденти Узбакситон- Ислом Каримов ҳикоят мекунанд. Ба нақли ин манобеъ маркази ин шаҳр аз рафтуои нақлиёт комилан ҷилавгирӣ шуда, атрофи он пурра дар муҳосираи пулиси қаламрав қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар Саманқанд барои ба хок супоридани ҷанозаи Ислом Каримов тайёрӣ мегиранд. Мақомоти маҳаллӣ барои анҷоми корҳо пурра сафарбар шудаанд. Кӯчаҳоро рӯфта, тоза мекунанд ва дар қабристони марказии ин шаҳр, ки аз як ҷониб ба бинои мадрасаи Шоҳи Зиндаи машҳур мепайвандад, бо истифода аз техникаҳои гуногун анбӯҳи одамони зиёде машғули кор ҳастанд. Эҳтимол меравад, ки ин анбӯҳи одамон қабристони мазкурро ба ҷанозаи президент омода месозанд.
,
Гуфта мешавад, ки модари Ислом Каримов ва ду бародари ӯ дар ҳамин манзил ба хок супорида шудаанд ва ҷанозаи вай низ аз эҳтимол дур нест, ки дар шафати қабри онҳо гӯронида шавад.
Ба Самарқанд дар маросими ба хоксупории ҷасади Каримов намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Тошканд ва сарони давлатҳои хориҷаро интизор ҳастанд ва аз ин хотир Шавкат Мирзиёев, сарвазири Узбакистон шахсан ба Самарқанд парвоз кардааст, то ба рафти чорабиниҳо дар маросими дафни Ислом Каримов шахсан раҳбарӣ кунад.
Хабаргузории “Фарғона Ру” бо нашри чанд сурат аз ҷараёни омодагириҳо дар қабристоне, ки эҳтимол Каримов ба хок супорида хоҳад шуд, гуфтааст, ки маросими дафн 3 юми сентябри соли ҷорӣ дар Самарқанд сурат мегирад. Ҳамчунин хабаргузории “Ройтерс” дар ин бора иттилоъ додааст. Таъкид мешавад, ки Каримовро пас аз кӯшишҳои нобарори табибон аз таҷҳизоти нафаси сунъӣ берун кашидаанд ва ӯ ҳанӯз 29 уми август баъд аз намози зӯҳр ҷон таслим кардааст.
Гурӯҳи фейсбукии «Саломатии Каримов» ҳам марги раисҷумҳари Ӯзбакистонро эътироф кардааст.
Гуфта мешавад, ки махфӣ нигаҳ доштани марги Каримов аз як ҷониб барои барои тақсими қудрат байни элитаи ба кор бурда шудааст ва аз ҷониби дигар Каримов вақте ҷон дод, ки Ӯзбакистон ҷашни истиқлол дошт ва ба хотири ором таҷлил намудани 25 умин солгарди истиқлолияти кишвар аз ин шева кор гирифтаанд.