Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПаёми таслияти ҲНИТ дар пайи ҳодисаи зилзилаи Эрон

Паёми таслияти ҲНИТ дар пайи ҳодисаи зилзилаи Эрон

Дар паи хабари дилхароши зилзила дар Ҷумҳурии Исломии  Ирон садҳо нафар кушта ва захмӣ гардиданд. Ба ҳамин хотир ҲНИТ паёми таслиятеро ба мардум ва давлати Ирон ирсол кардааст, ки матни он дар саҳифаи фейсбукии сухангуи ҳизб омадааст.

Матни ин паёми таслият дар поён гузошта мешавад.

Хабари асафноку дардовари вуқуъи зилзила дар ғарби Ҷумҳурии исломии Эрон, ба вижа устони Кирмоншоҳ, ки мунҷар ба шаҳодати беш аз 400 нафар, захмӣ шудани ҳазорҳо тани дигар ва хасороти густурдае шуд, муҷиби ғаму андуҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вуқуъи ин ҳодисаи андуҳборро хидмати мардум ва давлати Ҷумҳурии исломии Эрон, бахусус хонаводаи шуҳадо ва захмишудагони ин ҳодиса таслият арз менамояд.

Зимни ибрози ҳамдардии самимона бо бозмондагон, аз даргоҳи Худованд барои даргузаштагон ҷаннати барин, барои маҷруҳин шифои оҷил ва барои миллати наҷибу дусти ҶИЭ, ба вижа барои бозмондагони шуҳадо сабру шикебоӣ хоҳонем.

Мардуми Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин лаҳазоти сахт дар канори миллат ва давлати Ҷумҳурии исломӣ хоҳанд буд.

Раёсати Олии ҲНИТ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular