Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКӯлоб: Корхонаҳо бинобар бепулӣ аз кор мемонанд

Кӯлоб: Корхонаҳо бинобар бепулӣ аз кор мемонанд

Раиси вилояти Хатлон гуфтааст “имрӯз 50 ташкилоти сохтмонӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб аз фаъолият боз монда аст.”

Ба гузориши Рӯзномаи расмии Хатлон  14-уми ноябр соли 2017, раиси вилояти Хатлон, Давлатшоҳ Гулаҳмадзода, ки дар шаҳри Кӯлоб дар бораи аз фаъолият боз мондани 50 ташкилоти сохтмонӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб суҳбат мекард, гуфт: “Вазъияти баамаломада шахсони масъулро ба ташвиш наовардааст.”

Давлатшоҳ Гулмуродзода афзуд, “чаро мо намеандешем, ки корхона аз кор монд, бояд тадбире андешем. Боз фикри онро намекунем, ки дар ин ташкилотҳо даҳҳо нафар коргарон кор мекарданд ва аҳволи оилавии онҳо чӣ хоҳад шуд?”

Дар идомаи гузориш оварда шудааст, ки дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ шаҳру навоҳии ҳудуди Кӯлоб аз рӯи сифатнокии андоз 15 миллион сомониро аз мардум ҷамъ карда натавонистанд ва бонкҳои минтақа низ дар ин замина маблағгузориҳои худро ба корхонаву ташкилотҳо ва бахусус хоҷагиҳои деҳқонӣ кам карданд, ки дар натиҷа зарари онҳо ба ҳама расидааст.

Аз ҷониби дигар масъулини андози шаҳр иддаъо карданд, ки дар ҳудуди ин минтақа 387 хоҷагии деҳқонӣ бо сабабҳои номаълум дар қайди мақомоти андоз вуҷуд надоранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular