Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Суғд 5 корхонаи сементбарорӣ ба кор даромад —дар Кӯлоб 50 ташкилоти...

Дар Суғд 5 корхонаи сементбарорӣ ба кор даромад —дар Кӯлоб 50 ташкилоти сохтмонӣ аз кор монд

Ба гузориши Агентии давлатии Ховар,  дар 9 моҳи соли 2017 суръати рушди соҳаи саноати вилояти Суғд 133 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб ба 7 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Ин хабаргузорӣ дар идома менависад: “Бино ба маълумоти Пешвои миллат, соли 2011 ба вилоят аз хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 270 миллион сомонӣ (31 миллион доллари амрикоӣ) 340 ҳазор тонна семент ворид гардидааст, вале дар 8 моҳи соли 2017 ҳамагӣ 75 ҳазор тонна семент ба маблағи 70 миллион сомонӣ (8 миллион доллари амрикоӣ) ворид шудааст, ки тақрибан чоруним баробар камтар аст”.

«Президенти кишвар аз даврони шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ як корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии як миллион тонна фаъолият мекард, ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки ҳоло дар кишвари мо шумора ва иқтидори истеҳсолии чунин корхонаҳо афзун гардида, тайи солҳои охир танҳо дар вилояти Суғд 5 корхонаи семент ба фаъолият шурӯъ кардаанд» — омадааст дар гузориш.

Ин дар ҳолест, ки “Хатлон”, нашрияи расмии вилояти Хатлон, чанде пеш хабар дод, ки танҳо. 

Дар гузориши агентии давлатӣ ҳарчанд аз таъсисёбии корхонаҳои нав дар вилояти Суғд хабар дода шудааст, аз ин ки дар ин вилоят чӣ қадар корхона аз фаъолият бозмондааст, маълумоте нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular