Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддинҳисории кишвар, бо тасвиби Қарори №600 арзиши хидматрасониҳои худро барои сокинони кишвар аз 1 сомониву 50 дирам то 129 ҳазору 202 сомонӣ нархгузорӣ кардааст.
Вазорати тандурустӣ 26 номгӯи хидматрасониҳои худро зери унвони «номгӯи хизматрасониҳои тиббии махсусан хароҷотнок, ки амалиётҳо бо истифода аз технологияи баланди ташхисию табобатӣ гузаронида мешаванд» зикр кардааст, ки арзиши онҳо бо пули миллӣ аз 17 ҳазору 291 сомонӣ то 129 ҳазору 202 сомонӣ муайян гардидааст.
Ба ин тартиб, дар радабандии баъдӣ, ки 447 намуди хидмати тиббӣ таҳти унвони «нархномаи намуд ва ҳаҷми хизматрасониҳои тиббии гаронарзиш ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» омадааст, арзиши хидматрасониҳо бо пули миллӣ аз 931 то 19 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар радабандии сеюм, ки дар он 954 намуди хидматрасонӣ зикр шудааст, «нархномаи намуд ва ҳаҷми хизматрасониҳои тиббии ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» унвон шуда, арзиши онҳо аз 5 сомонӣ то 961 таъин гардидааст.
«Нархномаи намуд ва ҳаҷми хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» дар бахши «ТАДҚИҚОТҲОИ ТАШХИСӢ» ва «ТАДҚИҚОТҲОИ РЕНТГЕНОГРАФӢ», ки 92 намуди бемориҳо дар он дарҷ гардидаанд, арзиши хидматгузориҳо дар он аз 6 то 220 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд.
Аммо дар бахши он бемориҳое, ки теъдодашон 447 намуди хидматрасониҳоро дар бар мегирад, арзиши хидматрасониашон аз 1 сомонию 50 дирам оғоз шуда, ба ҳазорҳо сомонӣ мерасад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ин қарори худро 1-уми апрели соли 2014 ба тасвиб расонидааст, ки айни замон онҳоро ба эътибор гирифта, ба истиснои афроди муайян, ҳеч беморе наметавонад дар муассисаҳои саломатӣ ва тандрустии кишвар ройгон муолиҷа ва дармон шавад
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

