Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИҷлосияи 16-ум: тақдирссоз ё табаддулот? (қисмати дуввум)

Иҷлосияи 16-ум: тақдирссоз ё табаддулот? (қисмати дуввум)

Набиевро кӣ маҷбур ба истеъфо кард?

Набиев кушта шуд?

Кенҷаевро кӣ дуздид?

Набиевро кӣ маҷбур ба истеъфо кард?

Ҳарчанд Раҳмон Набиев, аризаи истеъфояшро аз мақоми президентӣ бо фишори гурӯҳи силоҳбадастони Мулло Абдуғаффор, 7-уми сентябри соли 1992 дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе навишта буд, вале аз онҷо, ки ин ариза зери фишори силоҳбадастон гирифта шуд, наметавонист ҷанбаи қонунӣ дошта бошад. Бинобар ин, барои ба истеъфо фиристодани президент, мувофиқати вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон лозим буд. Зеро бидуни истеъфои расмии президент, ҷойгузин кардани шахси мавриди назар, ғайриқонунӣ ва эҳтимол сабаби мушкилот мешуд. Бинобар ин бо шоҳидии Ҳубибулло Табаров, худи вай ҳамроҳи Абдулмаҷид Достиев(муовини аввали раиси Шӯрои Олии ҶТ аз соли 1992 -1995), Мулло Ҳайдар Шарифов(вакили Шӯрои Олӣ дар он замон, феълан раиси Шӯрои уламо дар минтақаи Кӯлоб) ва Шаҳоб Шарифов(раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар соли 1992) ба назди Раҳмон Набиев, ки ҳоло дар вилояти Суғд буд, рафтанд то вайро водор намоянд, ки бо “тантана” ба истеъфо равад. Марҳум Ҳ.Табаров ва ҳамроҳонаш аз ҷумла ба Р. Набиев чунин гуфтаанд: “Раҳмон Набиевич, миссияи мо он қадар фараҳбахш нест. Ҳамчун намояндаи вакилон мо омадаем, ки шуморо ба сессия даъват кунем ва ботантана, бо тамоми имтиёзҳои президентӣ ба нафақа гусел намоем.”().

Табаров идома медиҳад: “Баъди чанд лаҳза Раҳмон Набиев изҳор намуд: «Ман бо Сангак Сафаров бо телефон гап задам», гуфт ӯ, «фикрҳои ӯ дигар хеланд». Раҳмон Набиевич, боз ба ӯ рӯ овардам ман, ин ҷо ягон хели дигараш намешавад. Мо аз пеши худ наомадаем. Роҳбари вилоят фикрҳои Сангак Сафаровро гирифтааст. Масъала пурра ҳал шудагӣ.”   ().  

Ҳамсари Р .Набиев, Марям Набиева ин масъаларо, ки Р. Набиевро маҷбур ба истеъфо кардаанд, таъйид намуда, зимни мусоҳиба бо сомонаи ASIA – Plus чунин гуфтааст: “Ӯро тирамоҳи соли 92 дар пеши чашмони ман дар Қасри Арбоб маҷбур ба истеъфо карданд. Ин кор шармовар ва таҳқир ба як президент буд.().

Ҳамин тариқ Р. Набиев, чаҳор моҳ баъд аз иҷлосияи 16 – уми ноябр, яъне рӯзи 11– уми апрели соли 1993 ба таври мармӯз даргузашт. Аммо бино ба гуфтаи ҳамсараш М.Набиева, шавҳараш медонист, ки ӯро хоҳанд кушт. Ӯ мегӯяд: “Зоҳиран пас аз барканор шуданаш аз кор, вай медонист, ки ӯро хоҳанд кушт”. Ӯ идома медиҳад: “Вақте ман омадам, аллакай ҷасади шавҳарам дар сардхона буд. Маро маслиҳат доданд, ки ба сардхона наравам. Ман гуфтам, ки ҳама хомӯш бошед ва фақат маро ба сардхона расонед. Вақте ман ворид шудам ва ҷасади ӯро рӯи миз дидам… Медонед, аввалин чизе, ки ба чашмам расид, осори буғишуда буд”.().

 

Сӯиқасд ба намояндагони нерӯҳои мардумӣ

  Давлати Усмон (муовини нахуствазир дар ҲММ), яке аз афроде буд, ки ба намояндагӣ аз нерӯҳои мардумӣ дар бахше аз иҷлосия ширкат карда буд, мегӯяд: «Дар рӯзи истеъфои раисиҷумҳур ман дар иҷлосияи Хуҷанд ширкат надоштам, чунки Хуҷандро тарк карда будам. Барои он ки ман дар онҷо амнияти худро дар хатар эҳсос кардам ва ҳатто дар нисбати ман талоши сӯиқасд низ сурат гирифта буд”. ().

 

Кенҷаевро кӣ дуздид?

 

       Бешак яке аз чеҳраҳои ҷанҷолии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев аст. Аз вай ба унвони яке аз муассисон ва раҳбарони Фронти халқӣ ном бурда мешавад. Вай аз ҷумла дар мансабҳои прокурори ноҳияи Фрунзе, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст.

С. Кенҷаев 24- уми октябри соли 1992, ҳамроҳ бо дастаи мусаллаҳ, ки аксари онҳо сарбозони хориҷӣ буданд, ба шаҳри Душанбе ҳамла кард. Вай ҳадаф аз ҳамлааш ба пойтахти Тоҷикистонро баргузор кардани сессияи 16- уми Шӯрои Олӣ номидааст: “Ҳадаф аз анҷом додани ҳуҷум баргузор кардани сессияи XVI ва дар рафти он ба истеъфо фиристонидани ҳайати раёсати Шӯрои Олӣ бо сарварии Акбаршо Искандаров ва ҳайати ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо сарварии Абдумалик Абдуллоҷонов буд.”().

Аммо худи С. Кенҷаев дар панҷ рӯзи иҷлосияи 16-ум ғайб зада буд. Писараш бар ин назар аст, ки ӯро дуздида буданд: “«Одами Ӯзбекистон» будани падарам рӯзи оғози сессияи 16-ум дар Қасри Арбоби Хуҷанд ботил шуд, ки як гурӯҳи хуҷандиҳо, ки иҷлосияро коргардонӣ мекард, дар ҳамкорӣ бо СНБ, ӯро бо роҳи фиреб ба Тошканд бурда, панҷ рӯз дар «каталажка» ё боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилаи Ӯзбекистон маҳкам карданд.”().

   Аммо чаро? Оё нақшае буд, ки Кенҷаев халал мерасонд?

 

  Абдумалик Абдуллоҷонов, яке дигар аз чеҳраҳои соли 92, бар ин назар аст, ки ҳузури Кенҷаев боис мешуд, ки сенарияи коргардонони пушти саҳнаи иҷлосия ба хубӣ рӯи саҳна наравад. Вай мегӯяд: «Сафаралӣ ҳуқуқдон буданд ва табаддулотчиён аз ӯ метарсиданд. Шояд Кенҷаев бозигари ботарҷриба набуданд, лекин марди бошуҷоат ва принсипнок буданд. Вақте бар хилофи Конститутсия институти президентиро барҳам доданӣ шуданд, он гоҳ Сафаралиро гум карданд.”().

 

Ва аммо…

    Ҳошияҳои дигари иҷлосияи 16- уми ноябри соли 1992, ки имрӯз ҳамчун “Рӯзи Президенти Тоҷикистон” эълон шудааст, маълум нест кай ошкор ва расонаӣ хоҳанд шуд. Вале бо таваҷҷӯҳ ба нуктаҳои дар боло зикршуда, хонандаи нуктасанҷ, ки ин рухдод ва ҳодисаҳоро ҳатман  ҷои дигаре низ хондааст, ба ин масъала пай хоҳад бурд, ки оё “Иҷлосияи 16 -ум” як ҷаласаи “тақдирсоз” буд, ё “табаддулоти давлатӣ”?

 

http://payom.net/2017/11/15/ijlosiyai-16-um-taqdirsoz-yo-tabaddulot-qismati-avval.html

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular