Tuesday, July 1, 2025
ads
HomeХабарҳоСупориш: Муаллимаҳо бояд юбка пўшанд!

Супориш: Муаллимаҳо бояд юбка пўшанд!

Дар бархе мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт  омўзгоронро маҷбур доранд, ки ба кор “бо сару либоси махсуси мактабӣ” биёянд.


Муқаррароти либоси нави мактабӣ  бояд аз юбка ва куртаи сафед, ки хонандагон ҳам тақрибан ҳамин намуди либоси аврупоиро доранд, бошад.

Ҷамила яке аз омўзгорони мактабҳои шаҳри Душанбе мегуяд, ки ба онҳо пӯшидани либоси костюми якранга тавсия шудааст, аммо фарқ надорад, ки бо юбка ё куртаи миллӣ аст.


«Шунидем, ки бархе омӯзгоронро маҷбур ба пўшидани юбка ва куртаи сафед кардаанд. Вале на ҳама омӯзгорон синну соли мувофиқ ба пўшидани ингуна либосро доранд, охир. Агар ин «амр»-и директорро иҷро накунед, хавфи аз кор рондан таҳдид мкунад! Ё кор ё бекорӣ.  Якеро бояд интихоб кунед»- мегўяд хонум Ҷамила.


Аммо дар шуъбаи маорифи шаҳри душанбе аз чунин дастури пўшидани либоси махсуси ягонаи маҷбурӣ дар мактабҳо изҳори беитилоъӣ карданд ва гуфтанд, ки танҳо бо машварат бояд ранге интихоб шавад, тамом. Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 5 ҳазор омузгор хонум фаъолият мекунанд. Ҳамин тавр дар боғчаҳо ҳам ба муррабияҳо пӯшидани либоси ягона супориш шудааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?