Гардиши молу колоҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Русия 18 дарсад ва байни Пекину Душанбе 40 дарсад дар даҳ моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.
Агентии омори Тоҷикистон бо интишори гузорише дар бораи дастоварду аз дастрафтҳои даҳ моҳ ҷорӣ иттилоъ додааст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар ин давра нисбат ба соли 2016 ду дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, аз оғози январ то поёни октябри соли 2017 ҳаҷми тиҷорати берунаи Тоҷикистон беш аз 3 миллиарду 200 миллион долларро ташкил додааст, ки он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 8 миллион доллар камтар мебошад.
Ҳамзамон дар ин давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ воридоти молу коло аз хориҷи кишвар 2 миллиарду 200 миллион долларро дар бар гирифтааст, ки нисбат соли 2016 266 миллион доллар коҳиш ёфтааст, ва ба иборати дигар, воридоти молу колоҳои тиҷоратӣ ба кишварамон 10, 5 фисад камтар аст.
Дар ин давраи ҳисоботӣ, ҳаҷми гардиши молу колоҳои миёни Тоҷикистону Русия 765 миллион доллар арзёбӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли сипаришуда 18 дарсад коҳиш ёфтааст. Аммо дар ин давраи ҳисоботӣ, гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон 30 дарсад афзоиш ёфтааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

