Ба гузориши «Садои Амрико», Поп Фронсис, раҳбари котуликҳои ҷаҳон як ҳадяи гиронқимат дарёфт кард, аммо мегӯяд тарҷеҳ медиҳад ба ҷои истифодаи шахсӣ, онро вақфи масеҳиёни овора дар Ироқ кунад.
Рӯзи чаҳоршанбе дар маросиме ширкати худравсозии Ламбарҷинӣ ( Lamborghini) модели худрави худро бо рангҳои сафед ва зард ба нишони парчами Ватикан ба поп Фронсис эҳдо кард. Дар ин маросим поп гуфт, аз ин супермошин барои ронандагӣ дар боғҳои бо сафои Ватикан истифода нахоҳад кард.
Ламбарҷинии эҳдо шуда, тамғаи «Huracan» аст, ки қимати намуди оддии он беш аз 200 ҳазор доллар аст. Ин модел, ҷойгузини тамғаи ҷанҷолии Ламбарҷини Голорду аст. Ниҳояти суръати ин супермошин низ 325 километр бар соат аст.
Худрави эҳдошуда ба поп, дар остонаи иқоматгоҳи ӯ дар Ватикан имзо шуд ва ба василаи ҳароҷхона (ауксион) -и «Содби» ҳароҷ хоҳад шуд. Маблағи ба даст омада аз ин ҳароҷ ба поп дода хоҳад шуд, ки барои бенавоён ҳазина шавад.
Ҳанӯз маълум нест, ин худрав чӣ қадар ба фурӯш биравад, аммо пешбинӣ мешавад бо таваҷҷуҳ ба маҳбубияти поп Фронсис ва имзои ӯ, ин худрав чанд баробари қимати воқеии он ба фурӯш равад.
Ватикан эълом кард, ки ин пул тамоман сарфи кӯмак ба масеҳиёни даштҳои Найнивои Ироқ хоҳад шуд, ки боз мегарданд то хонаҳои вайроншудаи худ ба дасти нируҳои ДИИШ-ро бозсозӣ кунанд.
Бақияи пул низ барои кӯмак ба заноне, ки қурбони қочоқи инсон ва водор ба фаҳшо шудаанд, ихтисос дода хоҳад шуд. Ҳамчунин қарор аст, бахше аз ин маблағи фурӯши Ломбарҷини ба ду гурӯҳи итолиявӣ, ки дар Африқои Марказӣ хадамоти пизишкӣ ироа мекунанд, эҳдо шавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

