Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУзрхоҳии Вазири дифоъи Норвегия аз Туркия

Узрхоҳии Вазири дифоъи Норвегия аз Туркия

Ба гузориши хабаргузории Анатолии Туркия Вазири дифоъи Норвегия Франк Бакке-Енсен ва Дабири кулли Нато Йенс Столтенберг, аз Туркия расман узр хостаанд.  

  Анатоли хабар медиҳад,ки ин узрхоҳӣ дар пайи беэҳтиромӣ нисбати Туркия дар размоиши Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) рӯзи 17 – уми ноябри соли ҷорӣ дар Норвегия сурат гирифтааст.

  Ба гуфтаи хабаргузории мазкур дар баёнияе, ки Вазорати дифоъи Норвегия интишор карда, аз ҷумла чунин гуфта шудааст: “Ин иштибоҳ аз ҷониби як шаҳрванди норвегияӣ, ки танҳо барои ин размоиш ба хидмат гирифта шуда буд, анҷом гирифтааст. Паёме, ки аз ҷониби як шаҳрванди оддӣ нашр шуда, ҳеч рабте ба давлати Норвегия ва сиёсатҳои ин кишвар надорад. Ба хотири матлабе, ки дар ин паём нашр шудааст, узрхоҳӣ мекунам.”

  Хотиррасон менамоем, ки раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, рӯзи ҷумъа дар эътироз ба истифодаи номи вай ва расми Мустафо Камол Ототурк, бунёдгузори Туркияи феълӣ ба унвони душмани фарзӣ дар размоиши НАТО, дастури хуруҷи 40 сарбози туркиро аз ин размоиш дода буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular