Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲаққи бознишастагӣ аз муҳоҷират. Пиёдашавии барномаҳои ҲНИТ

Ҳаққи бознишастагӣ аз муҳоҷират. Пиёдашавии барномаҳои ҲНИТ

Максим Топилин, вазири Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия  даъват ба амал овардааст, ки шартномаи пардохти ҳаққи нафақа миёни кишварҳои фиристандаи қувваи корӣ ва Русия бар асоси нисбият омода карда шавад.

Топилин дар ин бора гуфтааст, ки бо чунин шартномаҳо ҳаққи нафақаи бознишастагии муҳоҷире, ки дар кишвари хориҷ кор кардааст ҳамчун содирот ба кишвараш равон карда шуда, онҷо ба бознишаста дода мешавад.

Шаҳрвандони кишварҳое ба мисли Тоҷикистон қисме аз маблағи бимаи тиббӣ (страховой полис) ё ҳаққи бознишастагиро (пенсионный фонд) дар асоси таҷрибаи кории бознишаста пардохт хоҳад кард. Ҳаққи бознишастагӣ аз ҷониби ҳар яке аз кишварҳо бар ассоси қонунҳои худи кишвар пардохт мешавад.

Моҳи августи соли ҷорӣ хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон аз Русия барои муҳоҷирон ҳаққи бознишастагӣ талаб дорад. Вазорати муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ қасд дорад, ки то соли 2018 бо Русия дар масоили додани ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷирони тоҷик ба мувофиқа расад.

Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо хабаргузории “Спутник” гуфтааст: «Мо мехоҳем то поёни соли равон нуқтаи охири кори ин масъаларо гузорем ва тарҳи қарордодро омода кунем. Имзо шудани ин қарордод ба муҳоҷирон ҳуқуқи гирифтани ҳаққи бознишастагиро дар Русия фароҳам меорад.Ҳаққи бознишастагиро танҳо муҳоҷироне метавонанд дарёфт кунанд, ки дар қаламрави Русия буду бош ва кору фаъолияти қонунӣ доранд.»

Ба нафақа баромадан ва ҳақдор шудан ба нафақаи бознишастагӣ аз ҳисоби муҳоҷиратро Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, дар интихоботҳои порлумонии солҳои 2010 ва 2015 дар барномаи пешазинтихоботии худ пешниҳод карда буд.

ҲНИТ дар барномаи пеш аз интихоботии худ тавзеҳ дода буд, ки аз нисф зиёди қувваи кории кишвари мо музди меҳнати худро дар муҳоҷират ба даст меоваранд. Шароити имрӯзи кишвар ба ҳама маълум аст, ки дар ин солҳои наздик кишвар қодир ба таъмини расмии ҷои корӣ нест. Пас бояд имрӯз биандешем, ки ҳоли муҳоҷирони мо дар даври фаро расидани бознишастагӣ чи хоҳад буд.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ин масъаларо чунин шарҳ дода буд, ки айни ҳол муҳоҷирони мо дар ҳоли ҷавониву тансиҳатӣ метавонанд, аз анҷоми корҳои мушкилу тоқатфарсо музд ба даст оваранд. Вале вақте синашон ба ҷое мерасад ва ба сини нафақа мерасанд, дар кишвар, ки сабти фаолияти меҳнатӣ надоранд, наметавонанд соҳиби ҳаққи бознишастагӣ ва ё нафақа шаванд.

“Бояд имрӯз, ки ҳукумат тавони таъмин ба ҷои корро надорад, ақалан аз ҳуқуқҳои қонунии муҳоҷиронамон истифода кунем ва барои расман ба ҳаққи бознишастагӣ ноил шудани муҳоҷирони кории кишвар бо намояндагони кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ гуфтугӯҳое дошта бошем, ки фикр мекунам ин кори шуданист”, гуфта буд Муҳиддин Кабирӣ.

Ба назар мерасад барномаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар доираҳои расмии кишвар омӯхта мешавад. Аммо як масъалаи коркард  ва омӯхташуда, мебоист новобаста аз он, ки ин барнома аз ҷониби кист, барои амалӣ шуданаш камари ҳиммат мебастем. Дар натиҷа чанд сол пеш ин гуфтугӯҳо ба миён меомаданд ва ба таври иститоат ҳуқуқи иҷтимоии муҳоҷирон ҳифз мешуд.

Гуфтанист, ки чунин пешниҳодҳои созанда аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон борҳо ба амал омада буд.

Ба таври мисол соли 2003 аз ҷониби ҲНИТ бо ирсоли мактуби махсус ба ҳукумат пешниҳод шуда буд, ки дар масъалаи пешгирӣ аз андешаҳои ифротӣ ва тундгароёна бояд корҳои созандаро пиёда намуд. Пеш аз ҳама бояд пойбандӣ ба мазҳаби муътадили Имоми Аъзам дар кишвар ҳифз шавад.

“Барои ин бояд як нишасти бузурги байналмилалии илмӣ дар кишвар ташкил намуда, уламоҳои муътабари ҷаҳонро даъват ва маслиҳатҳои созанда гирифт”,- пешниҳод намуда буд ҲНИТ.

Аммо ҳукумати кишвар ба ҷои қабул намудани ин пешниҳод баръакс ҷавонони муътақид ба равияи салафияро бар зидди ҲНИТ ва уламои муътабари кишвар бо пуштибонии худ ва додани минбарҳо равона карданд. Ҳатто ба ҷавонони муътақид ба як шохаи Мадхалияи равияи Салафия дар барномаҳои телевизионӣ шароити ширкат ва баромадро муҳайё намуданд. Ин танҳо ба он хотир буд, ки онҳо зидди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва уламои муътабари кишвар ҳарф мезаданд.

Танҳо баъди шаш сол, ин ҳам бошад соли 2009 ҳукумати кишвар гӯё хатои худро дарк карда, дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба Имоми Аъзам Абуҳанифа (р) доир намуд. Дар ин Симпозиум даҳҳо уламои муътабар мисли шайх Тантовӣ, Муҳаммадсолеҳи Пурдил, Абдулҳамиди Мадзала ва ғайра иштирок карда буданд. Аксари онҳо  нисбат ба ин ибтикори ҳукумати Тоҷикистон хеле хушгумонӣ ва ташаккур карданд.

Мутаассифона баъди ин ҳам танҳо баъзе аз корҳо зоҳирона пиёда шуданд, вале ҳамоно дастгирӣ аз тундагроён ва минбар додан ба онҳо то ба он, ки ҳазорҳо нафар ба доми ин тундгароён фаромада, қурбонии ҷангҳои кишварҳои Ховари миёна шуданд, идома ёфт.

Ингуна мисолҳо хеле зиёданд. Вале ба хотири аз масъала дур нарафтан иктифо мекунем.

 

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular