Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИнно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун

Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун

Сомонаи расмии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо интишори чанд гузориш расман иттилоъ додааст, ки ин ниҳоди мазҳабӣ ҳам ба сафи дурӯғгӯён пайваст.

Сомонаи Шӯрои уламои кишвар 19-уми ноябр якбора чанд матлабе чоп кард, ки тамоми онҳо ба кори ин ташкилоти динӣ мустақиман ҳеч рабте надоранд. Болотар аз он аз нигоҳи эътиқодӣ матолиби онҳо мухолифи таълимоти мазҳабӣ буда, ба ақидаи онҳо созгор нестанд.

Ин Шӯро дар байни ин матолиби нашр шуда, ки мақолаеро зери унвони “ҲНИТ ва ДОИШ: исботи амалии як будани таълимот, фаъолият ва мақсади ин ду ташкилоти экстримистӣ”, мансуб ба Иззатулло Саъдулло, номзади илмҳои таърих, аъзои собиқи ҲНИТ, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар ноҳия Шоҳмансур дар солҳои 1999-2009 ва як гурӯҳ шоҳидони бевоситаи ин ҳодисаҳо”-ро бознашр кард, ки ҳанӯз як ҳафта қабл ҷаноби Иззатулло Саъдуллоев бо нашри як раддия ин ҳамаро рад карда гуфта буд, ки ҳеч гоҳ чунин матлабе нанавиштааст.

Ҳамзамон зери унвони “Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ”  мусоҳибаи Носирҷон Маъмурзодаро ҳам нашр кардааст, ки дар он журналисти маъруфи кишвар Султони Ҳамад ҳам мавриди ҳамла қарор гирифтаасту бо чандин тӯҳматҳо хостааст доманашро доғдор кунад, аммо 19-уми ноябр пеш аз бознашри он ҷаноби Султони Ҳамад ҳам далоили ин матлабро рад кардааст. Ва илова кардааст, ки Сайҷалол Сияҳаков ҳам гуфта дар ин мусоҳаба таҳриф сурат гирифта. Ӯ илова кардааст аз мусоҳиб ва нашрия талаб хоҳад кард, ки раддия нависанд.

  Ин ниҳоди вобастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва тибқи гуфтаи коршиносон зери идораи Кумитаи давлатии амнияти кишвар, ки ба намояндагӣ аз дини мубини ислом дар ҷомеа ҳарф мезанад, хеле кам мақолаи илмиву таҳқиқотӣ менависад вале дар ин авохир сомонаи расмиашро дар ихтиёри “Фабрикаи ҷавоб” гузоштааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular