Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДушанбе: Латукӯби Шаҳноз Комилзода

Душанбе: Латукӯби Шаҳноз Комилзода

Латукӯби Шаҳноз Комилзода, фаъоли шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва духтарчаи 10-солааш дар Душанбе.

Шаҳноз Комилзода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷкистон ва  PR-менеҷери ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» дар саҳифаи Фейсбукиаш  хабар додааст, ки “тайи ду моҳ аст алайҳи ман як гуруҳи муташаккиле созмон ёфтааст, ки маро ба гуноҳҳои аз хоин то ба террорист муттаҳам мекунанду бо садои баланд эълон мекунанд, ки маро “ЗИНДОН” мекунанд.

Ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон нахостааст, ки тамоми мавзӯъро бо тафсил баён кунад, вале дар идома меафзояд: “ Ҳатто ман ва духтари 10-солаи маро мавриди латукӯб қарор додаанд.” Вай дар идомаи шарҳҳо мегӯяд: “Ман фикр кардам даври буқагиву зӯрӣ гузаштааст, ки ҳанӯз ҳам мондаанд”.

Бону Шаҳноз Комилзода дар бораи ин “гуруҳи муташиккил” бо тафсил нагуфтааст, вале зикр кардааст, ки “яке аз “главарони” ин гуруҳ муттаасифона корманди калидии AKDN ( ҳамон созмоне, ки роҳбараш Алоҳазрат Оқохони 4 дар тамоми дунё сулҳу субот сухан мегӯяд) мебошад.

Шаҳноз мегӯяд, “Ин қазия дар прокуратура мавриди баррасӣ аст, аммо ҳоло ҳам аз роҳҳои ғайриқонунӣ амал доранд” ва дар поёни шарҳҳо навиштааст, ки “ба ҳар ҳол ман ҳанӯз ҳам ба қудрати қонун ва мардонагии инсонҳо бовар дорам.”

Шаҳноз Комилзода, духти Аҳмадшоҳ Комилзода, журналисти кӯҳансол ва шинохтаи кишвар аст, ки хадамоти ӯро дар муаррифии миллати Тоҷик дар кишвар  касе инкор карда наметавонад.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир Ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус мақомоти қудратӣ талош доранд болои ҳар касе, ки метавонад иддае аз мардум ва ҷомеаро дунболи худаш бибарад ва ё ин, ки ҳарфу аламли онҳо дар ҷомеа таъсиргузор бошад, ба ҳар васила болои онҳо фишор оварда, таҳдиду таъқибашон мекунанд, мисли соли 1937.

Шаҳноз Комилзод дар охирин шарҳи худ навиштааст, ки дар наздиктарин фурсат дар бораи ин ҳодиса нишасти матбуотӣ доир карда, ҳар як фарди ин гурӯҳро бо ному насабашон муаррифӣ хоҳам кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular