Шабакаи хабарии «Алҷазира»-и Қатар иттилоъ додааст, ки нахуствазири Лубнон, ки шоми 21-уми ноябр вориди Бейрут шуд, субҳи имрӯз ба расонаҳо эълом кардааст, ки бо дархости Мишел Авн, президенти кишвар замони ба истеъфо рафтанашро ба таъхир гузоштааст.
Ба иттилои ин манбаъ, Ҳарирӣ, ки дар ҷашни истиқлоллияти ин кишвар дар Бейрут суҳбат мекард, гуфт: аризаи ба истеъфо рафтанамро ба президент тақдим кардам, вале ӯ напазируфт ва таъкид кард, ки пеш аз тарк кардани ин мансаб бояд дар бораи оқибатҳои сиёсии он бештар машварат кунем, ман ҳам ин талаби президентро пазируфтам.
Бештар бихонед:
Нахуствазири Лубнон илова кардааст, ки имрӯз ба хотири маслиҳати Лубон шарокати тамоми нерӯҳои сиёсиро дар қудратро бозбинӣ хоҳад кард ва таъкид кардааст, ки «ба хотири ҷилавгирӣ аз оташи ҷангу муноқашаҳои атроф ва чолишҳои он бо раиси ҷумҳур ҳамкорӣ мекунам.
Вай таъкид кардааст, ки аз ҳар иқдомҳои танишзо дар минтақа бояд худдорӣ ва муносибат бо кишварлои арабиро набояд халалдор кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

