Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДушанбе: Баргузории “Веломарофон” ва “Дави миллӣ” дар Рӯзи парчам

Душанбе: Баргузории “Веломарофон” ва “Дави миллӣ” дар Рӯзи парчам

23-юми ноябри соли ҷорӣ шаҳрдори Душанбе бо судури як қарор ба муносибати Рӯзи парчами миллӣ дар пойтахт “Веломарофон” ва “Дави миллӣ” эълон кард.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт бо судури як қарор таҳти рақами 716 эълом кард, ки санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, ки ба Рӯзи парчами миллӣ рост меояд, дар шаҳри Душанбе “Веломарофон” ва “Дави миллӣ” баргузор карда шавад.

Дар ин қарор дар бораи замони баргузории ин мусобиқот омадааст, ки “аз соати 1100 то 1400”  гузаронида шаванд.”

Шаҳрдори Душанбе ба хотири пуршукӯҳ гузаронидани ин чорабиниҳои варзишӣ аз тамоми роҳбарони мақомоти марбутаи давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хостааст, ки фаъолона ширкат кунанд.

Ҳамасола дар сар то сари ҷумҳурӣ 24-уми ноябр Рӯзи парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular