Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет80 кг. маводи мухаддири як мансабдори ВКД

80 кг. маводи мухаддири як мансабдори ВКД

Ба гузориши сомонаи иттилоотии “Ахбор” Як корманди раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо ҳудуди 80 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш (чарси афғонӣ) дастгир шудааст. Ба дунболи боздошти ин мансабдори милиса, ба бозпурсӣ ва тафтиши кормандони раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд оғоз кардаанд.

Манобеи сомонаи «Ахбор» рӯзи 23 ноябр аз боздошт шудани як корманди раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо 80 килограм нашъа хабар доданд. Рӯзи 23 ноябр дар пайи боздошти ин корманди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, кормандони ин ниҳод бозпурсӣ шуда, Раёсати вилоятии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъолияти онҳоро тафтиш карда истодааст.

Ин иттилоъро аз Раёсати Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъйид карда гуфтанд, ки ҳоло тафтиши ин қазия идома дорад.

Хабари боздошти корманди раёсати вилоятии корҳои дохилиро дар сӯҳбат бо «Ахбор” ду манбаъ дар ду ниҳоди гуногуни ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд тасдиқ карданд, вале дар ҳоли ҳозир ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтиш аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунанд.

Ин ҳам ҳанӯз рӯшан нест, ки сабаби тафтиши кормандони раёсати дохила аз ҷониби Агентии зидди коррупсия чист?

Исми мансабдори боздоштшуда ва дар куҷо ва чӣ гуна дастгир шудани ӯ низ ҳанӯз эълон нашудааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – як макони асосии тавлиди ҳероину афюн ва ҳашиш (чарс) – қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра ва асосан ба Русия табдил ёфтааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон тавассутим мақомоти интизомӣ аз қочоқбарон беш аз ду тонна маводи мухаддир мусодира карда мешавад. Бовар меравад, ки шабакаҳои қочоқбар дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамдасту ҳаммаслак доранд, ки дар қочоқи маводи мухаддир ба қочоқбарон кумак мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон худ бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular