Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲНИТ: Бозгашти Саидиброҳими Назар тасмими шахсияш буд

ҲНИТ: Бозгашти Саидиброҳими Назар тасмими шахсияш буд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо судури як баёния бозгашти собиқ мушовири раиси ин ҳизб Саибиброҳими Назарро тасмими шахсии худи номида, гуфтааст, ки  ин бозгашт ҳеҷ рабте бо ҲНИТ надорад.

Дар ин баёния, ки аз номи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ нашр шудааст, омада, ки баъди интихоботи соли 2015 Саидиброҳими Назар ҳеҷ масъулият ва вазифае ҳам дар ин ҳизб надошт.

Тибқи иттилое, ки “Паём” дар даст дорад, Саидиброҳими Назар 2 сол қабл аризаи хориҷ шуданаш аз ҳизбро ҳам навишта буд, аммо маълум нест он ариза қабул шудааст ё на. Дар баёнияи ҲНИТ ин масъала зикр нашудааст.

Матни баёнияи сухангӯи ҲНИТ ба шакли зер аст:

 

Баёнияи иттилоотӣ

Расонаҳо ахиран хабари бозгашти Сайидиброҳими Назар, собиқ мушовири Раиси ҲНИТ ба Тоҷикистонро нашр карданд ва ҲНИТ дар ин маврид таъкид мекунад, ки тасмими бозгашт аз сӯйи худи ҷаноби Сайидиброҳими Назар гирифта шудааст ва ба ҳизб рабте надорад.

Ҷаноби Сайидиброҳими Назар пас аз интихоботи 2015 аз фаъолияти сиёсӣ ва ҳизбӣ канор рафта, тайи ду соли ахир дар чорабиниҳо ширкат надоштанд ва ба зиндагии шахсӣ машғул буданд.

Пас аз ислоҳоти сохторӣ, ӯ ҳеч масъулият ва мақоми расмии иҷроӣ дар ҳизб надоштанд ва ду соли ахир ҳизбро дар ягон ҷаласа, чорабинӣ ва мулоқот намояндагӣ накардааст.

ҲНИТ бозгашти ӯ ба Тоҷикистонро як тасмими шахсии ҷаноби Сайидиброҳими Назар медонад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Сухангӯи ҲНИТ

28.11.2017

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular