Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДушанбе: Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ дар нақлиёт

Душанбе: Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ дар нақлиёт

Дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонии пойтахт низоми падохти электронӣ ҷорӣ карда мешавад.

27-уми ноябр парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” воридоти таҷҳизоти пардохти электрониро аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод кард.

Парлумони Тоҷикистон ҳадаф аз ин тағйиру иловаҳоро “беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба низом даровардани пардохти роҳкиро, аз байн бурдани гуногунфаҳмиҳо ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани симои пойтахт” унвон кардааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба молия ва иқтисод ба аъзои Шӯрои Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуд ва мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular