Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаёнияи иттилоотии ҲНИТ дар бораи озодии Мирзораҳим Кузов

Баёнияи иттилоотии ҲНИТ дар бораи озодии Мирзораҳим Кузов

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар бораи озодии Мирзораҳим Кузов баёнияи матбуотие нашр кардааст. Ин баёния дар саҳифаи фейсбукии сухангуи ҲНИТ нашр шудааст. Дар зер ин баёнияро айнан пешкаши хонандагон менамоем.

Имрӯз Додгоҳи Олии Юнон дархости ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боздошт ва истирдоди Мирзораҳим Кузов (машҳур ба Шоҳнаими Карим), узви Раёсати Олӣ ва узви Шӯрои иҷроияи ҲНИТ-ро рад намуда, ӯро аз ҳабс озод кард.

Мурофиа дар бинои Додгоҳи Олии Юнон бо ширкати қозии парванда, ҳайати мушовараи Додгоҳи Олию намояндаи Додситони Кулли Юнон, ҳайати вакилони ҷаноби Кузов ва ҳайати ҲНИТ бо роҳбарии Раиси ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, имрӯз дар шаҳри Афина баргузор гашт.

Қозии Додгоҳи Олии Юнон бо ҳайати мушовара далелҳои пешниҳодкардаи ҳукумати Тоҷикистонро беасос ва сиёсӣ номида, далелҳои пешниҳоднамудаи вакилони дифоъ ва шоҳидон, аз ҷумла, суханронии устод Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ- ро қонеъкунанда донист ва ҳукми озодии Кузовро содир намуд.

Ин мурофиаи аввалин нисбати намояндагони ҲНИТ дар асоси дархости ИНТЕРПОЛ мебошад, ки аз тарафи додгоҳ рад шуд. То ҳол ҳеч кившаре намояндагони ҲНИТ- ро бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ва ИНТЕРПОЛ истирдод накардаанд. Агарчи қаблан намояндагони мақомоти Тоҷикистон овозаеро дар бораи боздошт ва истирдоди 6 узви ҳизб аз Аврупо эълон карданд, ки воқеъият надорад.

ҲНИТ аз ҳама фаъолони дохиливу байналмилалӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ки дар озод шудани Шоҳнаими Карим ҳамкорӣ карданд ва саҳм гузоштанд, ташаккур мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular