Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДушанбе: Ҷашни 190-солагии зодрӯзи Аҳмади Дониш

Душанбе: Ҷашни 190-солагии зодрӯзи Аҳмади Дониш

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 190-солагии мутафаккири тоҷик Аҳмади Донишро дар Душанбе ҷашн мегирад.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интишори як иттилоия эълом кардааст, ки 8-уми декбри соли 2017 бахшида ба муносибати 190 солагии зодрӯзи мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш дар толори раёсати Академияи илмҳо мизи мудаввареро баргузор хоҳад кард.

Ин нишасти илмӣ бо ҳузури муҳақиққон осори Аҳмади Дониш ва донишмандону фарҳангиёни кишвар гузаронида мешавад ва дар кори ин нишаст андеша, афкор ва осори гаронбаҳои ӯ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Аҳмади Дониш мутаваллиди соли 1826 дар Бухорои шариф аст, ки дар оилаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Вай таҳсилоти миёнаро аз мактаби хусусии модараш аз худ кард. Соли 1843 барои таҳси ба мадраса дохил шуда, баъд аз хатми мадраса соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ ёфт ва меъмору муҳандиси дарбор таъин гардад.

Соли 1857  Дониш аз тарафи Аморати Бухоро ба ҳайси сафир ба Петербург фиристода шуд ва баъди бозгашт аз Петербург дарбори амир Насруллоҳро тарк кард. Аҳмади Дониш соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот карда, аз ӯ осоре ба номҳои “Манозирулкавокиб”, ”Рисола фи аъмолилқура”, “Таодули хамсаи муттахайира” ва ғайра мерос мондааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular