Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти Саакашвили тарафдоронашро ба по хезонд (аксу видео)

Боздошти Саакашвили тарафдоронашро ба по хезонд (аксу видео)

Мақомоти пулиси Украина Михаил Саакашвилиро боздошт карданд ва ин боис шуд тарафдоронаш ба кӯчаҳо бирезанд. Аз соати 9-и субҳ то ҳанӯз ба пулиси Киев муяссар нашудааст худраве, ки Сааакашвилии боздоштшуда дар он қарор дорад, ҳаракат диҳанд.

Хонаи раҳбари ҳизби РУХ-и Украина, раисҷумҳури собиқи Гурҷистон ва ҳокими собиқи вилояти Одессаи Украинаро, ки дар мухолифат бо раисҷумҳури ин кишвар Пётр Порошенко қарор гирифтааст, субҳи имрӯз пулис кофтукоб кард. Худи Саакашвили ба боми хонааш баромада тарафдоронашро ба мухолифат даъват кард.

Пас аз чанд дақиқа атрофи хонаи ӯро тарафдоронаш печониданд ва ба пулис фусат надоданд Михаили боздоштшударо ба боздоштгоҳ баранд. Дертар пулис аз гази ашковар истифода кард, вале мардум ҳам тан надоду ба сохтани монеъаҳо аз хишти роҳ, қуттиҳои ахлотпартоӣ ва мошинҳо шурӯъ кард.

Пулиси Киев кӯчаҳои марказӣ ва ҳама кӯчаҳое, ки ба тарафи хонаи Саакашвили мебаранд бастаанд. Бо вуҷуди ин ба қисме аз тарафдоронаш муяссар шуд ба назди мошини пулис бирасанд. Дар пахши мустақиме, ки аз Киев пахш мегардад дида мешавад, шумори тарафдорони расидаи Михаил аз субҳ то ҳол се-чор баробар афзудааст.

Пулис, Хадамоти зидди фасод ва додситонӣ ҳокими собиқи Украина ҳокими собиқи Одессаро дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам мекунанд. Вале худи ӯ ин иттиҳомотро қатъиян рад мекунад ва ҳукумати Порошенкоро ба фасод муттаҳам месозад.

Ҳам ҳукумати Украина ва ҳам Сааакашвили ҳамдигарро дар ҳамдастӣ бо Русия муттаҳам мекунанд.

Инак беш аз 4 соат аст, ки ба пулис муяссар намешавад Сааакашвилиро баранд. Замоне, ки ин гузориш омода мешуд, ба тарафдорони Саакашвили муяссар шуд ӯро аз мошини пулис берун бароранд ва ӯ ба сухангӯӣ тавассути баландгӯяк оғоз кард.  Ӯ мардуми Киевро ба рехтан ба кӯчаҳо даъват карда истодааст.

 

 

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular