Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИмтиёзҳои ҷадиди Хадамоти назорат дар роҳ

Имтиёзҳои ҷадиди Хадамоти назорат дар роҳ

   Ҳукумати Тоҷикистон ба кормандони Хадамоти назорат дар роҳ ( ДПС) имтиёзҳои ҷадид дод.

Бино ба иттилои “ASIA-Plus”,  Ҳукумати Тоҷикистон салоҳияти  кормандони бозрасии давлатии автомабилиро кам ва аз кормандони Хадамоти назорат дар роҳ ё худ патрулҳо (ДПС)-ро зиёд кард.  Ба ин тартиб кормандони Хадамоти назорат дар роҳ бар иловаи назорати роҳу ҷодаҳо тартиботи ҷамъиятиро ҳам дар роҳу кӯчаҳои ҷумҳурӣ назорат мекунанд.

Котиби  матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умарҷони Эмомалӣ ба “ASIA-Plus” гуфт: “ ин лоиҳаи озмоишӣ аз якуми декабр алҳол танҳо дар шаҳри Душанбе мавриди амал қарор гирифт.”

Умарҷони Эмомалӣ  гуфтааст: «Кормандони Хадамоти назорат дар роҳ ба ҷуз таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин ба тартибот дар кӯчаву хиёбонҳо аҳамият дода, дар сурати зарурат ба мушкилот расидагӣ мекунанд”.

Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон ҳадаф аз ин иқдомро кам кардани ҳолатҳои тамбашавӣ (пробка) дар роҳҳои шаҳру ноҳияҳо ва осон намудани кори шаҳрвандон номид.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular