Кормандони идораҳои давлатии Тоҷикистон дигар ба интернет дастрасӣ надоранд. Бо баҳонаи бехатарӣ онҳоро пурра аз интернет маҳрум карданд.
“Мо бояд дар бораи бехатарӣ фикр кунем ва агар кормандони мо ба интернети доимӣ пайваст бошанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои мақомотро, ки дорои сиррӣ давлатӣ мебошанд, ба ҷойҳои нолозим фиристанд” – гуфт манбаъи Паём.
Ҳамчунин мақомот бо ин қарор, ки аз тарафи дастгоҳи раисҷумҳур қабул шудааст, мехоҳанд кормандони давлатиро аз сарфи беҳудаи вақти корӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чатҳо боздоранд.
Ягона “дастрасӣ”-и кормандони идораҳои давлатӣ ба интернет ин аст, ки метавонанд почтаҳои электронии худро аз компютери ягона тафтиш кунанд.
Баъди ин қарор, тарҳи “ҳукумати электронӣ”-е, ки қаблан раисҷумҳур ба гузаштан ба он амр карда буд, чӣ гуна мешавад амалӣ кард, маълум нест.
Ҳамчунин “ба хотири амнияти давлат” ба кормандони давлатӣ ба идора овардани смартфонҳо манъ шудааст. Далели ин садгузориро манбаъ чунин шарҳ дод, ки кормандон метавонанд маълумотро тавассути смартфонҳо ба берун бароранд.
Кормандон вазифадоранд соати 8 дар ҷои кор ҳозир шаванд ва то соати 17 онҷо боқӣ монанд. Ҳатто агар ҳеҷ машғулияте ҳам надоранд.
Маҳрум шудани кормандони давлатӣ аз интернету дарёфти хабарҳо метавонад фосилаи байни онҳову мардумро бештар кунад. Имкони пайваст шудан ба “торҳои ҷаҳонӣ” аз хона ҳам барои масъули давлатие, ки ҳудуди 100 доллар моҳона мегирад, саҳл нест, мегӯянд коршиносон.
Бо ин тартиби муайяншудаи кор имкони вохӯрии мустақим бо мардум ҳам камтар мешавад, тахмин мезананд онҳо.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

