Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНигаронии Тоҷикистон аз Қарори Трамп

Нигаронии Тоҷикистон аз Қарори Трамп

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо интишори як изҳорот дар бораи интиқоли сафорати ИМА аз Тел-Авив ба Байтулмуққадас эълом кард: “Байтулмуқаддас шаҳри тамоми адён маҳсуб ёфта, мунҳасир кардани он ба як қавм ё дин мухолифи қонунҳои байналмилалӣ мебошад.”

Дар ин изоҳорот омадааст: “Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати интиқоли намояндагии дипломатии худ аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас изҳори нигаронӣ намуда, бар он аст, ки ин амр минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард.”

Вазорати корҳои хориҷаи кишварамон бар пояи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (181), “таъкид менамояд, ки Байтулмуқаддас шаҳри тамоми адён маҳсуб ёфта, мунҳасир кардани он ба як қавм ё дин мухолифи қонунҳои байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом ба талошҳои чандинсолаи кишварҳо барои эҷоди сулҳ байни Фаластину Исроил латмаи ҷиддӣ ворид менамояд.”

Дар поёни ин изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умедворӣ шудааст ва аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор хоста шудааст, ки “аз амалҳое, ки раванди истиқрори сулҳу суботи минтақаро халалдор менамоянд, худдорӣ намуда, ба ҳаллу фасли созандаву одилонаи ҳамаи ҷанбаҳои қазияи Фаластину Исроил дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular