Омӯзгорону фарҳангиёни ноҳияҳои Ховалинг ва Мӯъминобод беш аз ду моҳ мешавад, ки наметавонанд маъоши моҳонаашонро аз банкоматҳо дастрас кунанд.
Манобеи “Паём.нет” аз ноҳияҳои Ховалинг ва Мӯъминобод мегӯянд, ки аз моҳи октябр ба ин сӯ кормандони маъориф, фарҳанг ва дигар кормандони давлатӣ ва дар маҷмӯъ мардум наметавонанд аз банкоматҳо пулашонро бигиранд.
Масъулини бонкҳо мегӯянд, ки дар ин муассисаҳои молӣ дар ҳоли буҳронӣ қарор доранд ва бо камбуди пул ва ба хусус пули нақд мувоҷеҳ шудаанд ва бинобар ин наметавонанд сари вақт банкоматҳоро бо пул таъмин кунанд, ки кормандони соҳаи маъориф, фарҳанг ва дигар кормандони давлатӣ музди меҳнаташонро бигиранд.
Чанде аз омӯзгорони ин ноҳияи кӯҳистонӣ мегӯянд, ки вақте сари вақт маъошамонро дастрас карда наметавонем, маҷбур мешавем назди ҳар касу нокас рафта қарз талаб кунем, аммо чун дигарон ҳам мисли мо рӯзашон бо маъош мегузарад, ҳамон пули қарзро ҳам ба осонӣ ёфта наметавонем.
Ба гуфтаи ин муаллимон, вақте дар хона шароити иқтисодии омӯзгорон сари вақт таъмин карда намешавад, онҳо дучори чандин мушкилот ва ба хусус аз пайи қарзкобӣ мешавад, дар чунин ҳолат наметавонанд сари вақт ба дарсҳо омодагӣ бигиранд ва дар натиҷа пеш аз ҳама толибилмон зарар мебинанд.
Бонуфузтарин бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Ориёнбонк” ва дигар муассисаҳои молии кишвар ба буҳрони молӣ гирифтор шудаанд ва натанҳо дар ноҳияҳои дурдаст, балки дар ҳудуди пойтахт ҳам банкоматҳои ин бонкҳо пуле надоранд, ки муштариёнашонро таъмин кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

